Полковники порахӯр бо ҷарима озод шуд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Суди  ноҳияи Фирдавсии пойтахт як корманди вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистонро, ки дар гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон айбдор мешуд, баъди пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод кард.

Дар натиҷаи тафтишоти баъди боздошт ва дар паи як тасмими судя, моддае, ки нисбати Ҷӯрахон Нусратуллозода дар оғоз нисбат дода мешуд, ба моддаи сабуктар табдил шуд. Ин ҳолат имкони бо пардохти ҷарима озод шудани мақомдори собиқи полисро имконпазир кард.

Ҷӯрахон Нусратуллозода, муовини сардори шуъбаи раёсати корҳои дохилии ВКД Тоҷикистон дар раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро дар як амалиёт кормандони агентии мубориза бо коррупсия 8 август дар беморхонаи “Истиқлол” боздошт карданд. Ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар аз ҷониби Нусратуллозода, кормандони тафтишот зери хилъатҳои сафеди духтурӣ буданд. Ин саҳна дар барномаҳои телевизиони давлатӣ ҳам намоиш дода шуд. Вале рӯзи 19 октябр суди ноҳияи Фирдавсӣ баъди аз ҷониби Нусратуллозода пардохт шудани ҷарима дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ, тибқи моддаи 49 Кодекси ҷиноӣ аз ҷавобгарӣ озод карда шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сардори шуъбаи Раёсати мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир полковник Нусратуллозодда баъди собит шудани амали пораситонӣ аз системаи ВКД ихроҷ карда шудааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply