«Помир» дар Лигаи олӣ

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Як саҳми кооператив  дар ин муваффақият

Аввали соли 1987  ман вазифаи раиси кооперативҳои райони Фрунзеи пойтахт (Синои ҳозира)- ро ба уҳда доштам. Боре  занги телефон баланд шуд ва котиба гуфт, ки “ шумо фавран ба назди котиби якуми район Воҳид Ҳоҷиев биёед”. Ман омадам, ки дар он ҷо шахсони масъули район -раиси комиҷроия А. Ёрматов, директори Варзишгоҳи ҷумҳуриявии ба номи М. Фрунзе Р.П. Пилков, мудири шуъбаи саноати Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси кооперативҳои ҷумҳурӣ  С. Маҳкамбоев , сармураббии дастаи футболи “Помир” Ш. Назаров ва  боз се-чор нафар шахсони бароям  ношинос менишастанд.

Сармураббӣ Ш. Назаров дар бораи вазъи  командаи “Помир” ҳисоботи мухтасар дод:

—  “Помир” дар чемпионати лигаи якуми СССР соли 1986   ҷои дуюмро гирифт.  Мақсади мо баромадан ба лигаи олӣ буд, вале бо баъзе сабабҳои субъективӣ ин муяссарамон нагардид. Мушкилоти хеле ҷиддӣ – ин ба командаҳои машҳури шаҳри Москва  — ССКА, “Спартак” ва дигар таклиф шуда истодани футболбозони беҳтаринамон мебошад. Мушкилоти дигар, ҳолати молиявии на он қадар қаноатбахши даста мебошад.Аз шумо хоҳиш дорем дар ҳалли ин мушкилот дастамонро бигиред.

Тоҳир Оқилов,

мухлиси собиқадори футболи тоҷик

(Ин иқдом чӣ натиҷадод, дар саҳифаи “Дунёи варзиш”-и шумораи ояндаи хафтаномаи “Тоҷикистон” мехонед).

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply