«Помир энерҷӣ» — ширкати муваффақ дар тавлиди барқ

ВМКБ, Помир ENERGY, ТОҶИКИСТОН

Назрӣ Офаридаев,  профессор

Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар шароити нави иктисодию иҷтимоӣ барои эҳёи шабакаҳои энергетикии ВМКБ корҳои шоёне анҷом дод.

Таҷҳизоти шабакаҳо таҷдиду навсозӣ карда шуда, истеҳсоли барқ афзоиш ёфту талафоти барқ коҳиш. НБО-ҳои вобастаи ширкат низ пурра таъмиру навсозӣ гардида, садҳо километр хатҳои интиқоли барқ ва симчӯбҳо навсозӣ шуданд.

Айни ҳол Ширкати «Помир Энерҷӣ» ба як корхонаи муваффақи тавлидкунандаи барқ табдил ёфтааст. Бояд ёдовар шуд, ки на танҳо шабакаҳои мавҷуда таъмиру таҷдид мешаванд, балки неругоҳҳои нав бунёд мегарданд. Иқтидори ширкат дар тавлиди барқ сол то сол тақвият меёбад.

Ба хотир оварем солҳои навадуми асри гузаштаро: реҷаи сахти барқ, торикии шабонаи кӯчаҳои шаҳр, хонаҳои хунук, синфхонаҳои сарди макотиби шаҳр то ҳол фаромӯш нашудааст. Илова бар ин, андозаи сарфи барқ на аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳо, балки аз рӯи масоҳати хонаҳо ҳисоб мешуд, ки ин ҳам норозигии мардумро ба вуҷуд меовард, зеро ба ҳисобкунакҳои куҳнаи замони шӯравӣ бовар намекарданд.Таъсиси Ширкати «Помир Энерҷӣ» умеди сокинони вилоятро аз нав зинда кард.

Бо омадани Далер Ҷумъаев ба ҳайси директори Ширкати «Помир Энерҷӣ» вазъият тамоман тағйир ёфт. Кулли муштариён бо ҳисобкунакҳои нави электронӣ таъмин шуданд.

Ширкати «Помир энерҷӣ» дар баробари ҷалби сармояи хориҷӣ ба рушди соҳа, инчунин маблағҳои муайянро барои аҳолии камбизоат ба сифати субсидия сарф мекунад. Дар баробари ин ширкат ба баъзе барномаҳои иҷтимоӣ кумаки молӣ мекунад.

Тавре маълум аст, бо саъю талош ва ибтикори Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар оянда бунёди боз ду НБО — «Себзор» ва «Санобод» дар назар дошта шудааст.

Итминони комил дорем, ки ин нақшаҳои созанда амалӣ мегарданд ва барои коркарди маъдан дар вилоят мусоидат мекунанд. Ба кормандони ин корхона, ки ба ҳар як хонадон нури умед тақдим мекунанд, дар иҷрои нақшаҳои бузурги энергетикӣ дастовардҳои нав ба нав орзу менамоем. Хоҳони онем, ки саҳми «Помир Энерҷӣ» дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ВМБК боз ҳам чашмрастар гардад.

Назрӣ Офаридаев,  профессор


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply