«Постава»-и духтари тоҷик

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Тариқи телефон муддате бо Амина ном духтаре гап мезадем, вале байнамон ягон муносибати наздик набуд.

Рӯзе Амина ба ман занг зада гуфт, ки падару модараш ӯро зӯран ба шавҳар дода истодаанд ва дигар суҳбат карданамон маънӣ надорад. Барояш бахти сафед талабида, дигар ба ӯ занг назадам. Хулоса, баъди чанд вақт Амина шавҳар кард, вале як ҳафта пас аз тӯяш ӯро бо кӯчу бандаш ба хонаи падараш оварданд. Дар деҳа миш-миш шуд, ки Амина нодухтар баромадаасту барои ҳамин шавҳараш ӯро се талоқ карда аз хона рондааст. Ростӣ, ман аввал ин овозаҳоро дар ҳаққи Амина тӯҳмат мепиндоштам, вале як шом падари Амина маро бо падарам ба хонааш даъват кард. Чизеро пай набурда рафтам, вале вақте даъвояшонро шунидам, ҳуш аз сарам парид. Амина ҳама гуноҳро ба сари ман зада, ба шавҳараш гуфтааст, ки Шамшод духтарии маро гирифта буд. Бо китоби Қуръон ва тамоми муқаддасоти олам қасам хӯрдам, ки ман дар умрам ягон бор ҳатто дасти духтари онҳоро надоштаам, вале падари Амина ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт, ки тарафи қудо 20000 ҳазор сомонӣ товон талаб карда истодаанд, ин маблағро  ёфта медиҳед ё  ман писаратро ба суд дода, ҳабс мекунонам. Падарам маро чанд мушти обдор зада, дар назди пайвандони Амина дашномҳои болохонадор дод ва ба рӯям туф кард. Бародарони муштзӯри Амина маро зери мушту лагад гирифта, гаштаю баргашта мегуфтанд, ки товонро дода, гуноҳро ба гардан мегирӣ ё ба зиндон меравӣ. Бо даҳону бинии пур аз хун бо номи худо савганд хӯрдам, ки бо Амина ягон муносибат надоштам, вале духтари шаттоҳ ҳамоно маро тӯҳмат карда “духтариамро ҳамин бача гирифт” мегуфт. Ҳамин тавр гуноҳи нокардаро ба сарам бор карданд. Бечора падарам тамоми гову моламонро фурӯхта, ба болояш қарз гирифта бист ҳазор сомониро бурда ба падари Амина дод. Ҷанҷол бо ҳамин хотима ёфта бошад ҳам, то ҳанӯз ман дарун ба дарун хун мехӯрам, охир падару бародарони Амина моро рӯирост ғорат карданд ва болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, гуноҳи хоҳари бероҳаашонро ба гардани ман бор карда, обрӯямро резонданд. Аминаи фоҳиша ба ғайр аз ман бо чанд ҷавони дигар мегаштааст, вале маро камбағал дида, ба тӯҳмат гирифтор кард.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, бегуноҳиамро чӣ хел исбот намоям?

Шамшод, хонандаи “Оила”


Поделиться новостью в социальных сетях:

9 комментарий

  • як савол ту аз кучо медони ки фохиша аст ? Баъдан агар ин корро накарди пас чаро ба суд мурочиат накарди? Барои чи хукукхои туро пой мол кунанд агар ки накарда боши мубориза намебари . Рав ба суд дех акамои телефонашро дех бардоран у духтар бо телфон бо ки гап мезанад Агар , ки дуст намедори чиба тарики телефон сухбат мекуни

  • Ба прокуратура мурочиат кун ва талаб намо, ки таблои ракамои телефони духтарро бардошта, муайян кунанд, ки боз бо кихо робита доштааст. Макомотхои дахлдор худашон муйро аз хамир чудо хоханд кард ва албатта обрую пули барабасрафтаат бармегарданд.

  • Аклата кор фармо неким хутам бегунох нести агар дар хакикат бегунох боши чика камбағалам боши хичка хишкор карда наметовонад ин кори шухи нест бародар

Leave a Reply