Президентҳо дар Қасри Миллат

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Маросими расмии истиқбол аз президенти  Узбекистон дар «Қасри Миллат» сурат гирифт ва ба истиқболи Шавкат Мирзиёев 21 гулӯлаи тӯп ба ҳаво андохта шуд. Ҳоло мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷараён дорад ва сипас музокироти ҳайатҳо бо иштироки президентҳои  ду кишвар, доир хоҳад шуд. Айни замон дар доираҳои расмии ду кишвар мулоқот ва гуфтушунид доир ба ҳамкориҳои муҳим идома доранд. Интизор меравад, ки имрӯз байни ду кишвари ҳамсоя беш аз 20 санад баимзо расад. Дар поёни ин гуфтугӯҳо миёни ду кишвар беш аз 20 санади ҳамкорӣ имзо мешавад. Созишномаҳои марбут ба шароити сафари шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар, қарордоди аломатгузории марзӣ давлатӣ ва бастаи созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, аз ҷумлаи ин қарордодҳо ба шумор меравад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply