• Mardon
  • 16.04.2019
  • 0

Президенти Тоҷикистон ба Русия меравад

Имрӯз, 16 апрел Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як дидори расмӣ  вориди Маскав хоҳад шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кохи Кремл, дар назар аст рӯзҳои 16 ва 17 апрел мулоқоти Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад.    

“Интизор меравад, дар ҷараёни ин дидор масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, кишоварзӣ, тиҷорат, фарҳанг ва соҳаҳои дигар баррасӣ ва санадҳои ҳамкорӣ имзо шавад”-омадааст дар хабари маркази матбуот.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти раҳбарони Русия ва Тоҷикистон масъалаҳои амниятӣ, бахусус, вазъият дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони Афғонистон, ки таҳти назорати Ҷунбиши Толибон даромадааст, матраҳ хоҳад шуд.

Ин манбаъ афзуд, дар поёни дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Русия миёни ин ду кишвар 15 ёддошт ва санади ҳамкорӣ имзо хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар ҳошияи дидори расмии Президенти Тоҷикистон аз Русия рӯзҳои 16 ва 17 апрел дар шаҳри Маскав конференсияи муштарак дар масоили тиҷорат ва иқтисод баргузор мешавад. Дар ин тадбир намояндагони ниҳодҳои давлатии минтақаҳои Русия, тоҷирону соҳибкорони ду кишвар ширкат хоҳанд кард.

Конференсияи шашуми ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон дар моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Душанбе анҷом шуда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner