Прокурори генералӣ соҳаи тандурустиро танқид намуд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

«Ҳуқуқи шаҳрвандон ба табобат поймол карда мешавад. Азхудкунии маблағҳои буҷа, тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ дар ин соҳа боиси нигаронист. Сатҳи пасти шароити санитарию эпидемиологӣ боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ гаштааст», — бонги хатар мезананд масъулини додситонӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон дар як ҷаласа вазъи хизматрасонии тиббиро дар Тоҷикистон баррасӣ карда, аз камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳайъати мушовараи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки дар он масъулини ниҳод ва Вазорати тандурустӣ иштирок доштаанд, аз паст будани сифати хизматрасонии тиббӣ, поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба табобат, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва вазъи ваҳими ришваситонӣ дар соҳа интиқод карда шудааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми санҷиш ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ошкор карда шуда, дар бисёр мавридҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба табобат поймол карда мешавад.
«Истифодаи ғайримақсаднок ва азонихудкуниву исрофкории маблағҳои буҷетӣ, тамаъҷӯӣ ва содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ боиси ташвишу нигаронӣ гаштааст. Сатҳи пасти корҳои пешгирикунанда ва муҳайё накардани шароити аз лиҳози санитарию эпидемиологӣ муносиб боиси пайдо ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ гардидааст», — таъкид мекунад додситонии кулл.
Масъулини додситонӣ паҳншавии ВНМО (ВИЧ/СПИД)-ро ташвишовар арзёбӣ намуда, чораҳои андешидаи вазорати тандурустиро дар ин самт нокифоя хондаанд.
«Дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор 67 пешниҳод ва 39 амр ирсол намуда, нисбати 92 нафар шахсони масъул истеҳсолоти интизомӣ, 277 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 42 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст», — меафзояд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки пештар Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, бо мудирони бахши тандурустии кишвар дар масъалаи расонидани ёрии аввалини тиббӣ машварати корӣ баргузор карда, аз сатҳу сифати ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона ибрози нигаронӣ намуда буд.
Вазир таъкид кард, ки таъкид кард, ки ёрии аввалини тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад.
Sputnik.


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Мавзӯи басо ҳалталаб дар ҷомеаи имрӯза. Чаро табибон аз беморон пул меситонанд, шояд барои ҳаққи хизмат? Давлат ба табибон маош медиҳад? Агар ҳа пас боз ??? Ман як чизро гуфтаниям, имрӯз кормандони давлат (на ҳама) ришваситонанд. Маоши кормандон низ хеле кам аст. Маош 10-15% баланд шуда бошад, нарху наво низ дар бозорҳо аз ин зиёд баланд шудааст. Хуб акнун бубинед, ки чӣ тавр зиндагиро пеш бурдан мумкин аст. Ҳамчунин, духтур барои таҳсил пули бисёр сарфа мекунад ва акнун ӯ маблағҳои сарфкардаи хешро барқарор карда обод зиндагӣ карданро мехоҳад. Маоши ӯ албатта кам аст. Ҳатто роҳпулии якмоҳа низ намешавад. Лекин ин ҷо азизони дил боз як чизи дигарро хотиррасон мекунам, ки асло барои ризқу рӯзӣ, молу давлати дунё талош накунед. Агар Худованди карим хоҳад, ҳамаш мешавад. Фақат ҳалол, фидокорона ба халқу давлат хизмат бояд кард. Бигзор касе ин амали шуморо надонад, набинад, лекин Худованд ҳамабину ҳамадон аст. Боқӣ ба ҳамаи мухлисони сомонаи tajikistantimes саломатӣ, сарбаландӣ, ободии рӯзгорро таманно дорам.

  • Мухтарам Вазир Шумо дар Точикистон зиндаги мекунед, ё берун аз он? Калимаи бепул дар сохтори Шумо тамоман вучуд надорад.

  • Худои бузург. Аз мухточи дар назди табибони точик нигахдор боши!

Leave a Reply