Путин ба пушкиншиноси тоҷик медалашро медиҳад

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Владимир Путин,президенти Русия ба Хол Холов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия медали «Пушкин» тақдим кард.

Холов яке аз 8 шаҳрванди хориҷӣ шуд, ки бо як қарори Путин рӯзи 24 октябр бо медали ба номи «Путин» мукофотонида шуд. Матни қарор дар вебсайти президенти Русия нашр шуд. Хол Холов устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва адабиёти ҷаҳон дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия гуфтааст,ки  ҳамагӣ чанд соат қабл дар мавриди бо медали Пушкин сазовор шуданашро аз сафорати Русия дар Тоҷикистон шунидааст. Ӯ гуфт:«Ман аз соли 1996, замоне, ки донишгоҳ таъсис ёфт, дар ин даргоҳ кор мекунам ва аввалин проректори он будаам. Мавзӯи кори илмиам низ «Таърих ва мушкилоти тарҷумаи назму насри лирикии Пушкин ба забони тоҷикӣ ва форсӣ» аст», иброз дошт ӯ. Холов гуфт, номзадии ӯ барои дарёфти медали Пушкин аз сӯи садорати донишгоҳ ва сафорати Русия дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Ӯ гуфт, ки аз шунидани ин хабар хеле шод шудааст:«Ҳоло медалро ба даст нагирифтаам. Фикр мекунам барои тақдими он моро ба маросими вежаи ба қасри Кремлин даъват кунанд», гуфт Холов.Хол Холов доктори илмҳои филологӣ соли 1956 дар деҳаи Дарғи ноҳия Айнӣ ба дунё омадааст.Дар солҳои шӯравӣ ва баъд аз он асарҳои Александр Пушкин – асосгузори адабиёти классикии рус, аз ҷумла, достони «Евгений Онегин» ва повести «Дубровский» ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Аввалин тарҷумаҳои асарҳои Пушкин аз сӯи шоир Абулқосим Лоҳутӣ ва публисист Саидризо Ализода анҷом шудааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Офарин, устод тӯли чанд солҳо меҳнат кардааст. Муборак шавад!!!

  • Муборак шавад Устод!
    Шумо бар ин дастовардхо арзанда хастед.

Leave a Reply