Путин дар Хитой алаф дарав мекунад?

Наход, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси як фермери хитоӣ, ки ба президенти Русия Владимир Путин монанд аст, паҳн гаштааст.

Ин марди 55-солаи хитоӣ Ло Юанпин ном дошта, муҷаррад будааст.

Бо сабаби ба сарвари Федератсияи Русия монанд буданаш дугоники Путинро ба телевизион даъват карда буданд, вале ин монандӣ ба зиндагиву вазъи молиявии марди хитоӣ ягон зарра таъсир нарасонидааст.

Пост дар Instagram бо акси Ло беш аз 1,5 млн лайк гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январ ровии телевизиони Русия Евгений Киселев иброз намуда буд, ки Путин дугоник надорад ва симояш дар давоми солҳои роҳбарӣ аз таъсири амалиётҳои косметологӣ тағйир ёфтааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply