• Mardon
  • 12.04.2019
  • 0

Рӯзҳои синамои тоҷик дар Ӯзбекистон

Имрӯз, 12 апрел дар кинотеатри шаҳри Тошканд ба номи Алишер Навоӣ Рӯзҳои синамои тоҷик ифтитоҳ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар рӯзҳои 12-13 апрел 4 филми синамогарони кишвар “Тангно”-и Муҳиддини Музаффар, “Таксӣ”-и Файзуллои Файз, “Сафари ҳавоӣ”-и Далер Раҳматов ва “Хоби ҳамдуна”-и Румӣ Шоазимов пешкаши тамошобинони ӯзбек хоҳад шуд.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, рӯзи 12 апрел ба Tajikistan Times гуфт, ки ин тадбири фарҳангӣ дар чорчӯби ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи вай, дар моҳи сентябри соли 2018 дар ҳошияи Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе миёни Иттиҳодияҳои синамогарони ин ду кишвар Шартномаи ҳамкорӣ имзо гардид.

Рӯзҳои 15-то 17-уми сентябри соли равон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон  баргузор шуда буд.

 Агентии миллии “Ӯзбеккино” филмҳои синамогарони ӯзбек «Зурриёт», «Меросхӯр», «Афсонаи Ойқиз»-ро ба намоиш гузоштанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner