Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

15 – 17 сентябри соли равон Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар доираи он намоиши як зумра  филмҳо дар назар аст.

Дар ин бора муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон Мушаррафа Шарифова иттилоъ додааст. Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуда, 15 сентябр дар «Кохи Наврӯз» оғоз меёбанд.

Дар доираи Рӯзҳо намоиши филмҳое, ки синамогарони ӯзбек солҳои соҳибистиқлолӣ ба навор гирифтаанд, дар назар аст. Аз ҷумла, 15 сентябр, соати 18:30 дар толори кинотеатри Кохи Наврӯз филми «Барон» намоиш дода мешавад.

16 сентябр, соати 10:00 дар кинотеатри «Зебуниссо» филми «Зурриёт», соати 11:00 дар кинотеатри «Лоҳутӣ»-и шаҳри Бохтар филми «Меросхӯр», соати 14:00 дар кинотеатри «Ватан» филми «Ойқиз эртагӣ» ва соати 17:00 дар кинотеатри «Зебуниссо» филми «Сабот» ба намоиш гузошта мешаванд.

Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сентябр бо имзои Ёддошти тафоҳум байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии миллии «Ӯзбеккино» ба поён мерасад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply