Раҳмиддин Эшмирзоевро то мурданаш лату кӯб карданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Раҳмиддин Эшмирзоев, сокини 32-солаи деҳаи Абдуллообод ё қишлоқи Ҷӯгиҳои Ваҳдатро рӯзи 13 январ 4 ҳамдеҳаи ӯ то аз ҳуш рафтанаш латукӯб карданд. Раҳмиддин баъди ду рӯз дар бемористон ҷон дод. Падари ин ҷавон мӯътақид аст, ки писарашро аз рӯи ҳасад ва барои пулаш куштаанд.

Рӯзи 13 январ, соати тақрибан сеи рӯз 4 ҷавон аз деҳаи Абдуллоободи ҷамоати ба номи Карим Исмоилови Ваҳдат ҳамдеҳа ва хеши наздики худ Раҳмиддин Эшмирзоевро то аз ҳуш рафтанаш латукӯб карданд. Раҳмиддин Эшмирзоев, ки 32 сол ва 5 фарзанд дошт, рӯзи 15 январ дар бемористон ҷон дод. Деҳаи Абдуллообод дар Ваҳдат бештар бо номи қишлоқи ҷӯгиҳо машҳур аст ва аксари сокинонашро лӯлиҳо ташкил медиҳанд.

Ҳоло ин деҳа дар сӯги Раҳмиддини ҷавонмарг нишастааст.

Дар айни замон мақомоти шаҳри Ваҳдат ба тафтиши ин куштор идома медиҳанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Раҳмиддин Эшмирзоев 4 нафарро дастгир кардаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply