Ҷӯрабек Муродов аз чӣ афсӯс мехӯрад?

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

 -Устод, соли саг барои шумо чӣ гуна сол буд?

Соли душвор, чунки хеле касонро аз даст додем. Бозор Собири бузург, Муъмин Қаноати оқил, Барно Аҳмадоваи зеби саҳна ва боз чандин шахсиятҳои нотакрор моро падруд гуфтанд. Ин магар бохти бузурги фарҳанги тоҷик нест? Алабатта, ки ҳаст!

          
Худованд қабри эшонро пурнур гардонад! Устод, мегӯянд солро чӣ хеле, ки пешвоз бигирӣ, то охири сол ҳамон руҳия боқӣ мемонад. Биёед аз хотироти неки сол, аз бурдҳо сухан меронем…

-Дар Маскав, дар Амрико ва Аврупо консерт додем. Шабнами Сурайёву Ҷонибеки Мурод ва Садриддину Валиҷону Баҳроми Ғафурӣ миёни форсизабонҳо ва мардуми хориҷ маъруфу машҳур гаштаанд. Тамоми сайёра санъати тоҷикро шинохт. Магар ин бурди кам аст?!

-Шумо ҳамчун падар неву ҳамчун устод ба ҳунари Ҷонибек чӣ гуна баҳо медиҳед?
Ҷонибек бисёр бачаи серғайрат аст. Ягон лаҳза фориғ аз фикри ҳунараш нест, пайваста рӯи оҳангу суруд кор мекунад. Ҳамин заҳмату меҳнатҳояш намешуд, тамошобини хориҷӣ ба ҳунараш каф намекӯфт. Пештар баъзан эрод мегирифтам, вале имрӯз ман ҳамчун устод аз Ҷонибек розӣ ҳастам.

-Таманнои Шумо дар соли хук ба мардуми кишвар?
Дар соли нав тани сиҳат, вақти хуш, оилаи обод ва дили беғаму умри пурбаракатро ба мардуми шарифи тоҷик орзумандам.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply