Раис: Муллоҳо рӯҳи Ленинро шод карданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар ноҳияи Шаритус муллоҳо коре карданд,ки ҳеҷ кас интизораш набуд.

Имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъ як дасти шикастаи ҳайкали Владимир Ленин, пешвои коммунистҳоро таъмир карда, пайкараи дар зери барфу борон ва таъсири офтоб тирашудаашро рангу бор намуданд. Онҳо гуфтаанд, ки ин кор ихтиёрӣ ва бо харҷи пулҳои хайрияи мардум сурат гирифтааст.Тавре “Озодӣ” хабар медиҳад,пешвои коммунистҳо ба хотири ақидаҳои зиддидиниаш ҳамеша мавриди накӯҳиши руҳониёни мусалмон будааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, баъзеҳо тахмин мезананд, ки шояд имом-хатибон таҳти фишор ваё бо дархости ҳукумати ноҳия ҳайкалро таъмир кардаанд.Аммо Меҳриннисо Раҷабзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, гуфтааст, ки «ин кори довталабонаи рӯҳониён буд». «Худашон омада, ҳайкалро таъмир ва атрофи онро аз ифлосиҳо тоза карданд. Фаввораи атрофи ҳайкал низ кор мекунад ва ин минтақа хеле зебо шудааст», — афзуд ӯ.Аз ҳама аҷибаш он аст, ки масъули дигари ҳукумати Шаҳритус дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки раиси ноҳия Рамазон Оймаҳмадзода аз имом-хатибон ситоиш кардааст. Раис гуфтааст, ки рӯҳоёнин бо ин корашон «рӯҳи Ленинро шод карданд».

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Муллохо хар руз назди хайкали Ленини муаззам гулдаста гузоранд хам меарзад. Ленин ба ришашон кор надошт…..

  • Ман худам аз н.Шаҳритус вале аз ин воқеъа рости гап хабар надорам.

Leave a Reply