Рамазон танҳо даҳони баста нест

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

    Баромади Президентро дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар  дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз тариқи ТВ тамошо кардам. Аммо субҳи рӯзи дигар  дар баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ хондам,ки гӯё Роҳбари давлат рӯзаро манъ карда бошад. Чун ба чунин буҳтону туҳматҳо ҳар рӯз вомехӯрдам, дар аввал эътибор надодам. Вале баъдтар ба хулосае омадам,ки ба даҳони бадгӯ шатта задан ҳам дар арафаи Рамазон савоб аст. Дубора матни пурраи баромадро бодиққат хондам ва  ба як хулосаи аҷибе расидам. Президент дар ин ҳамоиш чун беҳтарин мулло,  чун беҳтарин насиҳатгар ва чун беҳтарин ҳуқуқшинос сухан гуфтааст. Пас ин бадгӯи ба хотири чист?   Ин ҷо банда ба касе тамаллуқ карданӣ нест ва  мақсад аз ин гуфтаҳо танҳо ошкори як  ҳақиқат аст. Ҳақиқате,ки баъзан мо — журналистон аз гуфтани он шарм медорем  ва ё онро як нишонаи тамаллуқкорӣ меҳисобем. Зеро гумон дорем, ки агар роҳбарро барои ягон кори некаш таъриф кунем, ҳама ба хаёли он меафтанд,”ки ин ҷо ягон манфиат аст”.  Бигзор гумон кунанд, вале тавре файласуфи машҳуре дар замони қадим гуфта буд “Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат аз ӯ болотар меистад” Ҳақиқат он аст, ки ман чунин суханонеро,ки Президент дар ин вохӯрӣ гуфт,  мехоҳам ҳар рӯз ба фарзандони худ такрор ба такрор гӯям ва гумон мекунам, ки ҳар падаре, ки фарзанди шоиста тарбия кардан мехоҳад, ин гуфтаҳоро ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин суханронӣ ҳама чиз буд, ҳам баракату шарофати моҳи Рамазон, ҳам насиҳати падарона барои саводнок шудан, ҳам огоҳӣ аз падидаҳои барои ҷомеа хатарнок ва ҳам ба қадри меҳнати худу дигарон  расидану аз маҳсули меҳнати худ рӯз гузаронидан. Дар бораи шарофату бузургии моҳи Рамазон аз ин пеш ҳам борҳо шунида будему медонем, вале вақте ки аз алломагони Ислом сухане дар ин маврид оварда мешавад  ва ё аз бузургону классиконамон шоҳбайтҳо  дар бораи зиёрати Хонаи Худо далел  пешниҳод мешавад, таъсири ин насиҳат боз ҳам бештар мегардад.  Яъне Президент дар як вақт ҳамчун  муаллим таълимамон медод.  Пас ин “дӯстони” даруни нохунак чӣ мехоҳанд? Мехоҳанд, ки   дар моҳи Сулҳу Салоҳ ва Хайру Баракат, дар моҳи Риёзату Шафоат боз ҳам обро лой карда, моҳӣ доранд? Аммо вақте ки Ҷаҳолат ба Ҳақиқат дар ҷанг мешавад, дар ниҳояти кор ҳатман Ҳақиқат ғолиб аст. Ҳақиқатро бошад, танҳо бо ақли солим дармеёбанд…

А.АҲМАДЗОДА


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply