Рамзиддин Сафаровро бо поора дастгир карданд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муфаттиши шуъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт Рамзиддин Сафаровро бо иттиҳоми гирифтани 1000 доллар пора дастгир кард. Агентӣ мегӯяд, Сафаров дар ивази 1000 доллар ваъда додааст, ки ба зидди як нафари гумонбар ба ташкили фоҳишахона парванда нахоҳад кушод.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17 феврал аз боздошти муфаттиши ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафаров Рамзиддин Латифович хабар дод. Гуфта мешавад, ки Рамзиддин Сафаров «барои бо маводи санҷишии дар пешбурдаш қарордошта қабул намудани қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне ташкили фоҳишахона аз шаҳрванд «А» 1000 доллари ИМА талаб намудааст.”

Дар натиҷаи як амалиёт Рамзиддин Сафаров дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 1000 доллари ИМА дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шудааст. Агентӣ мегӯяд, 1000 доллар пули пораи нақд ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд

Ҳоло ба зидди Рамзиддин Сафаров бар асоси қисми аввали моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба афсари милиса бар асоси ин банди қонун то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Рамзиддин Сафаровро бо поора дастгир карданд

  • Тавбафармоен чаро худ тавба камтар мекунанд…..

Leave a Reply