Раъно шоҳҷоизаи Уфаро гирифт

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия озмуни ҷумҳуриявии ҳусну истеъдоди этникӣ бо номи «Miss International Ufa» натиҷагирӣ карда шуд.

 Шоҳҷоиза (Гран-при)-и ин озмун ва тоҷи бонуи аввалро Раъно Умурзоқова аз Тоҷикистон ба даст овард. Зебосанами тоҷик дар бахши «Мисс Артистизм» низ соҳиби ҷои аввал шуд.Маркази матбуоти вазорати фарҳанги Бошқирдистон хабар дод, ки озмуни «Miss International Ufa» бо ибтикори вазорати фарҳанг ва Кохи дӯстии халқҳои Бошқирдистон ва таҳти сарпарастии Агентии ҷавонони Русия (Росмолодёжь) баргузор гардида, дар он беш аз 60 довталаб ба намояндагӣ аз 20 қавми гуногуни сокини ин ҷумҳурии Русия иштирок кардаанд.Ба даври ниҳоии ин сабқати байналмилалии ҳусн 12 духтар роҳ ёфтанд. Ҳар кадоми онҳо бо либосҳои миллии худ ба саҳна баромада, барномаи ҳунарие аз фарҳанги миллати худро намоиш доданд ва ҳамчунин дар бахши суолуҷавоби интеллектуалӣ сабқат карданд.Шоҳҷоиза (Гран-при) ва тоҷи бонуи аввали озмуни «Miss International Ufa”-ро дар ниҳоят Раъно Умурзоқова аз Тоҷикистон соҳиб шуд. Ду мақоми дуюмро Карина Ахвледиани аз Гурҷистон ва зодаи ноҳияи Боймоқи Бошқирдистон Наркяс Аралбаева, ки худ бошқирд аст, ба даст оварданд. Ҳайъати ҳакамон ҷоизаҳои дигари озмунро байни довталабон чунин тақсим кард:

«Мисс Экзотика» – Ролли Сайн (Ҳиндустон),

«Мисс Дружба» – Екатерина Емелянова (чуваш, аз ноҳияи Бижбулоқ),

«Мисс Артистизм» – Раъно Умурзоқова (Тоҷикистон),

«Мисс Патриотизм» – Айш Шаҳд Тариқ Одил (Миср),

«Мисс Этно» – Анастасия Самигулова (удмурт, аз ноҳияи Татишлӣ),

«Мисс Грация» – Нурия Боқирова (тотораз ноҳияи Илиш),

«Мисс Эрудиция» – Наркяс Аралбаева (бошқирд, аз ноҳияи Боймоқ),

«Мисс Энергия» – Чуквуди Фавор (Нигерия),

«Мисс Туризм» – Назим Жанибек (Қазоқистон),

«Мисс Музыка» – Елизавета Рогачёва (рус, ш. Уфа),

«Мисс зрительских симпатий» – София Фролова (Адигея).

Азат Ибрагимов, мудири Кохи дӯстии халқҳои Бошқирдистон гуфт, умедвор аст, ки чунин сабқатҳо дар оянда боз доир карда мешаванд: «Имрӯз мо бо фарҳангҳои халқҳои гуногун ошно шуда, нирӯву энергетикаи онҳоро эҳсос кардем. Хушҳолам, ки тамошобинон довталабонро бо суханони гарм ва чапакзанӣ дастгирӣ карданд. Умедворам, ин охирин чунин озмун нест. Бигзор моро ҳамеша дӯстӣ муттаҳид кунад!

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply