Референдум, 6 вилояти Афғонистон  ба Тоҷикистон мепайванданд?

Наход, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

… Вақте ки ин хабарро шунидам, ҳеҷ бовар кардан нахостам, зеро хабаре буд, боварнакарданӣ…

Ҳарчанд рӯзи истироҳат буд, зуд либосамро ба бар кардаму ба тарафи бозори “Фаровон”,  ки он ҷо дӯстам Муҳаммад валади Иброҳим, сарвари афғонҳои сокини Душанбе ба савдо машғул аст, раҳсипор гардидам. Ӯро дар ҷойи кораш дарёфтам ва дурустии ин хабарро пурсон шудам. Муҳаммад бо табассум маро ба анбори мағозааш даъват намуда,  дар болои курсӣ шинонд ва худаш дар рӯ ба рӯям қарор гирифт:

-Тарҷумон соҳиб, ман тра чандин сол боз мешиносум (афғонҳо ба мо тоҷикон дар ватанашон, дар замони ҳузури  шӯравӣ дар он кишвар ҳамин тавр муроҷиат мекарданд). Оё ман  боре ҳам фанд карда  будам?

Ман, ки Муҳаммадро ҳанӯз аз замони хизмат дар вилояти Бағлон мешинохтам, ба ёд оварда натавонистам, ки  боре ҳам ӯ дурӯғ гуфта бошад. Бинобар ин, бо аломати савол  нигоҳаш кардам: “Хайр, чӣ гуфтан мехоҳӣ?”

-Ин тасмими як ман нест, балки мардуми Тахору Бадахшон, Бағлону Балх ва ниҳоят Самангону Қундуз  инро мехоҳанд… Хулоса, вилоятҳои шимоли Афғонистан ва  волии онҳо чунин хоҳиш доранд… Ин корро мо асосан рӯзи 1 апрел оғоз мекунем ва умед дорем муваффақ ҳам шавем. Аллакай намояндагони мо дар ин вилоятҳо рӯйхати иштирокчиёни референдумро  тартиб дода истодаанд… Ҳатто “Толибон”-у намояндагони ДИИШ ҳам тайёранд ба ин даъват шарик шуда, яроқро як сӯ гузоранд…Ҷанг ба дили ҳама задааст.

-Гумон мекунед, ки ҳукумати марказии Афғонистон ба ин чиз розӣ мешавад? Магар ин  таарруз ба кишвари дигар нест?

-Ин хоҳиши мардуми аз ҷанг хасташуда аст ва Афғонистон 40 сол боз як ҳукумати марказие, ки ҳама ба он итоат кунанд, надорад. Мардум бояд худаш ҳалкунандаи тақдири худ бошад…

-Тарафи Тоҷикистон аз ин чиз хабар дорад?

-Ҳанӯз не ва мо ин дархостро танҳо баъд аз он ки боварӣ ҳосил кунем, ки ақаллан 80-90 фоизи мардум моро ҷонибдорӣ мекунанд, пешниҳод хоҳем кард. Чаро Русия метавонистаасту  мо не?

-Охир дар он ҷо Қримро аввал “одамчаҳои сабз” (зелёние человечки) тайёр карданду баъд референдум сурат гирифт. Аммо Тоҷикистон на даъвои ягон ҳудуди  кишвари дигарро  дораду на “одамчаҳои сабз”, ки ба ин вилоятҳо фиристода,  референдуми шуморо дастгирӣ намояд?

-Ин даъво-даъвои мост.  “Одамчаҳои сабз”-и мо ин худи мо ҳастем. Аллакай як насли нави афғонҳо дар шароити ҷангу хунрезӣ таваллуд шуда, ба воя расиду пир шуд. Мо дигар намехоҳем, ки чунин бошад. Ягона роҳи халосии мо ин ҳамроҳ шудан ба Тоҷикистон аст, зеро аҳолии қисмати шимоли Афғонистон ба куллӣ  мардуми тоҷиканд ва ҳатто аксари бобою бобокалонҳои  онҳо аз ин ҷо рафтаанд. Магар мо ҳуқуқи осоишта зистанро надорем?

-Албатта, доред, аммо инро дар Ватани худатон  таъмин кунед. Магар шарт аст, ки референдум гузаронида, ба Тоҷикистон ҳамроҳ шавед?

-Шарт аст, дар давоми 40 соли ҷанг ягон роҳбаре пайдо нашуд, ки ин кишварро сарҷамъ кунаду ба ҷанг хотима диҳад.Чанд сохти давлатдориро дидем, вале роҳбари  хубе наёфтем. Маҷбурем бо мардуми ҳамхуну ҳамватану ҳамдини худ пайвандем, ки ҳам сохти давлатдории беҳтарин ва ҳам роҳбари беҳтаринро соҳибанд… Мақсади мо ҳамин аст ва тавре гуфтам,  рӯзи  1 апрел оғози кор аст. Кори душвор, вале мешуданӣ…

-Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ, мисли он ки Қримро қабул накард, натиҷаи ин назарпурсии  вилоятҳои шимоли Афғонистонро қабул накунад — чӣ? Агар Тоҷикистон ин пешниҳодро  рад кунад, баъд чӣ мешавад?

-Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар ин муддат фақат сарбоз фиристоду афғонкушӣ кард, коре надорем, аммо аз Тоҷикистон талаб хоҳем кард, ки қарзи бародарии худро иҷро кунад ва моро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон эътироф  намояд. Охир дар маконе, ки мо зиндагӣ мекунем, захираҳои табиӣ зиёданд. Масалан, дар вилояти Балх  захираҳои зиёди нефт ҳаст. Аммо роҳбаре  нест, ки бо ҷалби сармоя онро бароварда, дар хизмати мардум гузорад.

-Аммо ин кори  шумо ба Тоҷикистон зарар меорад, Амрикою  Ғарб бар зидди он таҳрим ҷорӣ мекунанд. Он гоҳ чӣ мешавад?

-Не, Тоҷикистон Русия нест, ки зидди он коре кунанд.Тоҷикистон барои аз байн бурдани ҳукумати ягон кишвар, мисли он, ки дар Донбасс ва Луганск шуд, коре  накардааст.  Ғайр аз ин, Тоҷикистон не, балки мардуми мо инро мехоҳанд. Мехоҳанд, ки дигар сокинон маводи мухаддир кишт накунанд, шабона дар хонаҳои худ оромона хобанд, ба масҷидҳо рафта, озодона намоз гузоранд, ба террористон имкони амал надиҳанд, фарзандонашон соҳибмаълумот бошанд, хулоса, зиндагии инсонвор дошта бошанд. Ҳамаи ин чиз дар Тоҷикистон ҳаст. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои амалӣ шудани ин нақша бояд ба  он кумак кунанд, на таҳрим ҷорӣ намоянд.

-Муҳаммад, чаро то имрӯз чунин як тасмим гирифта нашуду маҳз шумо мехоҳед, ки ҳоло як қисми Афғонистонро ба Тоҷикистон ҳамроҳ кунед?

-Замоне ҳама умед ба Аҳмадшоҳи Масъуд доштанд, ки Афғонистонро якпорча мекунаду аз нестӣ наҷот медиҳад, аммо мо ӯро эҳтиёт карда натавонистем. Ҳоло бошад, мебинем,ки чунин амал аз дасти Роҳбари шумо омад ва дигар ягон нафаре нест, ки моро аз ин варта наҷот диҳад. Гузашта аз ин, садҳо сол Балху Бадахшон бо Мовароуннаҳр як кишвар буданд, магар пойдор намудани адолати таърихӣ гуноҳ аст?

-Барои чӣ референдум ё назарпурсиатонро маҳз ба рӯзи якуми апрел гузоштед?

-Магар ҳаминро ҳам нафаҳмидед? Дар ин рӯз оғози фасли баҳори воқеист ва мардум баъд аз Наврӯз ба корҳои ҷиддӣ оғоз менамоянд, барои ҳамин ин  рӯз интихоб гардид…

…Ростӣ, пас аз суҳбат бо  шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад валади Иброҳим чӣ гуфтану чӣ карданамро надонистам. Агар ин тасмими  сокинони 6 вилояти шимоли Афғонистон (ҳудуди онҳо баробар ба ду вилояти Тоҷикистон аст)   амалӣ шавад, 30 % ҳудуди кишвари мо афзун гардида, аҳолии Тоҷикистон ба 12 миллион нафар мерасад. Инро вақт муайян хоҳад кард ва  ин вақт наздик аст: 1 апрели соли 2018.

 

Абдумудассир  АҲМАДЗОДА 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

7 комментарий

Leave a Reply