• Бахтовар Сафаров
  • 04.04.2019
  • 0

Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон дар 120-ум зина

Имрӯз, 4-уми апрели соли 2019 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхат ё худ раддабандии нави мунтахабҳоро мунташир намуд.

Дар ин рейтинг мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро иваз накарда, дар мақоми 120-ум қарор гирифт. Дар ҳоли ҳозир мунтахаби миллии Тоҷикистон бо касби 1155 хол дар зинаи 120-ум қарор дорад. Тими миллии Белгия бо касби 1737 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм тими Фаронса бо 1734 имтиёз ва дар ҷойи сеюм бошад, Бразилия бо касби 1676 хол ҷойгир шудаанд.

Раддабандии нави ФИФА:

1. Белгия (1737 имтиёз)

2. Фаронса (1734)

3. Бразилия (1676)

4. Англия (1647)

5. Хорватия (1621)

6. Уругвай (1613)

7. Португалия (1607)

8. Швейтсария (1604)

9. Испания (1601)

10. Дания (1586).

120. Тоҷикистон (1155).

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner