• Administrator
  • 17.03.2019
  • 1

Рекси девона киро куштан мехоҳад?

Ҳамлаи  сагҳо ба маркази вилоят

Дар зарфи як моҳи соли ҷорӣ  264 нафар сокини вилояти Хатлон аз ҳамлаи ҳайвонот, бахусус сагҳои дайдуи кӯчагарду хонагӣ, осеб дидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2018 дар ҳамин шабу рӯз шумораи осебдидагон аз сагҳои дайду 324 нафарро ташкил медод.

Аз таҳлили омори пешниҳоднамудаи масъулони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон бармеояд, ки моҳи январи соли 2019 нисбат ба моҳи январи соли 2018 шумораи осебдидагон аз сагҳои дайду кам шудааст. Аммо тибқи назарсанҷӣ, ҳаёти воқеии мардум  дигар оморро нишон медиҳад. Имрӯзҳо, афзоиши шумораи сагҳои дайду дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Леваканд ба назар расида, эҳтимоли осеб дидани одамон аз онҳо зиёд шудаасту боиси нигаронии шадиди сокинон гаштааст, ки ин гуфтаро ҳеҷ як сокини минтақаҳои зикршуда рад намекунад.

Икром Барфаков, муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон зимни суҳбат иттилоъ дод, ки аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон осебпазиртаринаш ин шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён, Панҷ, Восеъ ва Қубодиён мебошад. Ҷисму ҷони аҳолии шаҳру ноҳияҳои зикршуда дар муқоиса ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз  сагҳои хонагиву кӯчагард бештар зарар дидааст.

Анбуҳи сагҳо дар кӯчаҳо

Муҳаммад Файзиев, наздики як сол мешавад, ки бо сабаби оилавӣ аз деҳот ба кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар рафтааст. Ӯ  мегӯяд, ки шабҳо аз аккоси сагҳои хиёбонӣ хоби роҳат надорад ва ҳатто баъзе вақт барои берун баромадан метарсад.

Тибқи иттилои сардори Идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бохтар Абдулқосим Мусоев, танҳо дар зарфи як моҳи соли 2019 аз ҳудуди шаҳри Бохтар 51 саги дайду безарар гардонида шудааст. Давоми соли 2018 бошад, дар ҳамбастагӣ бо идораҳои байторӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои зиддахл 701 саги дайдуро безарар гардонидаанд. Ба гуфти ӯ, аз шумораи 124 нафараи кормандони идора, воҳиди кории махсус барои безараргардонии сагҳои дайду арзи ҳастӣ дошта, ҳамарӯза пайи ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилот қарор доранд.

Дар посух ба саволи он, ки: Бо вуҷуди андешидани чораҳои зарурӣ, чаро мушкилоти мазкур ба пуррагӣ бартараф намегардад? Абдулқосим Мусоев  мегӯяд, ки аз як даст садо намебарояд. Дар самти пешгирии ин мушкилот бояд аз худи шаҳрвандон сар карда, тамоми ташкилоту муассисаҳо саҳмгузор бошанд.

— Мушоҳида мешавад, ки аз ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Бохтар мардум сагҳои хонагии худро нигоҳубин карда натавониста, ба маркази вилоят оварда, дар назди бозор ё беморхонаҳои шаҳр партофта мераванд. Бо ин гуна мардум бояд корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кард. Сатҳи маърифати шаҳрнишинии аҳолиро тағйир дод. Баъзе шароити дигар низ лозиманд, ки баъди сагҳои дайдуро дастрас кардан онҳоро нигоҳубин ва аз лиҳози тиб безарар гардонд”.

Ба таъкиди мутахассисони Маркази байторӣ, аз беназоратию девонашавӣ на танҳо сагҳо, балки дигар ҳайвонҳои хонагӣ низ дар натиҷаи эм нагузаронидан ба касалӣ гирифтор шуда, метавонанд ба инсон зарар оваранд. Чунончи, соли гузашта чунин ҳолатҳо ба мушоҳида расидааст.

“Аз 1-уми январи соли 2018 то 3-юми январи соли 2019 аз ҷониби кормандони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Бохтар 658 адад сагҳои дайду безарар гардонида шудааст”, — мегӯяд Ҳомид Гулмуродов, сардори маркази номбурда. Дар ин муддат 96 адад сагҳои сокинони ҳудуди шаҳр эмгузаронида шуда, соҳиби шиноснома гаштаанд.

“Тайи чанд моҳи охир сокинони шаҳр ба масъалаи эмгузаронии сагҳои худ таваҷҷуҳи зарурӣ дода истодаанд. Шумораи сагҳои  дайду зиёд шудааст, мардум ҳам аз ин ҳаросида, сагҳои хонагии худро ба марказ оварда, сари вақт эм мегузаронанд ва шаҳодатнома гиранд, ки ин омил кори моро як андоза осон мегардонад”- илова кард, сармутахассиси Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Бохтар Абдумурод Худоназаров.

Ҳорӣ – оқибаташ марг

Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, як қисми бемориҳои сироятӣ аз ҳайвони бемор ба одамон мегузаранд, ки онро бемориҳои зоонозӣ низ меноманд. Дар табиат гардиши барангезандаи ин бемориҳо дар байни ҳайвонот сурат мегирад. Асосан ҳайвоноти хонагӣ пас аз мавриди ҳамлаи гургу шағол ё рӯбоҳ қарор гирифтан олудаи ин вирус мешаванд. Дар навбати худ ҳайвоноти хонагӣ, асосан сагҳо метавонанд ба инсонҳо ҳамла кунанд ва ҳамин тавр, онҳоро мубталои бемории ҳорӣ созанд. Дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои бемории ҳорӣ дар бадани инсон ва сари вақт эмгузаронӣ накардан табобати он ғайриимкон гашта, оқибат ба марг оварда мерасонад.

Файзалӣ Бобоҷонов, директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ҳамчун табиби эпидемиолог, гуфт, ки айни замон дар илми тиб фақат усулҳои пешгирии гирифторшавӣ ба ин беморӣ кашф шудааст. Яъне, одаме, ки аз саг осеб дидааст, агар зуд ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кунад, шифо меёбад.

-Ёрии аввалини тиббӣ дар мавриди ҳамлаи саг ин аст, ки одам бояд ҷойи ҷароҳатро бо обу собун тоза шуста, бо спирт пок карда, йод молад. Худи ҳамон рӯз ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат кунад. Дар муассисаи тиббӣ ба осебдида ваксинаи махсус мефармоянд, то ки аз эҳтимоли сироятёбӣ пешгирӣ шавад. Агар давоми 10 рӯзи пас аз ҳамлаи саг ба одам, саг нафавтад, моякӯбӣ ба инсон қатъ мегардад. Дар ҳуҷраҳо ва шуъбаҳои осебшиносӣ мо махсус мутахассиси рабиолог дорем, ки дараҷаи хавфнокии осеби гирифтаи беморро аз ҳайвонот муайян мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан одамон сари вақт ба духтурон муроҷиат намекунанд, ки боиси шиддат гирифтани бемориашон мегардад, илова кард,- Файзалӣ Бобоҷонов.

Тибқи таъкиди табибон, ҳатто агар оби даҳони саги бемор ба чашму рӯй ё дастони ҷабрдида расад, вай метавонад гирифтори бемории ҳорӣ шавад. Аз ин рӯ, ба духтур муроҷиат кардан ҳатмист.

Як ампулаи зидди ҳорӣ — 80 сомонӣ

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб як ампула ваксинаи зидди бемории ҳорӣ 75-80 сомонӣ арзиш дорад. Онро аз баъзе дорухонаҳо тавассути дорухати табиб метавон дарёфт кард.

Пӯшида нест, ки имрӯз ҳамаи ҷабрдидагон тавони харидории то 6 ампулаи ваксинаи зидди бемории ҳориро надоранд. Шояд дар баъзе ҳолатҳо ба як қисми ками аҳолӣ, аз ҷумла ба одамони камбизоат, чанде аз ваксинаҳо ройгон таъмин карда шавад? Аммо ба ин саволи мо касе аз намояндагони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ҷавоби “ҳа” пешниҳод накард. Пас,  агар  як инсони камбизоатро саг газаду худи саг фавтад, бояд ҷабрдида ба ҳисоби миёна 450 сомонӣ ваксинаи зидди бемории ҳориро харидорӣ намояд. Маблағро пайдо накунад чӣ? Вой, бар ҳоли бемор.

Имрӯз хеле каманд одамоне, ки сагҳои худро хуб нигоҳубин кунанд, шаҳодатнома гиранд, сари вақт эм гузаронанд ва аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд. Баъзе шаҳрвандон дар як ҳавлӣ 2-3 сагро нигоҳдорӣ мекунанду агар шумораашон зиёд шуд, сагҳоро ба халта андохта, ба маркази шаҳр оварда сар медиҳанд. Ин омил, бехатарии шаҳрвандонро халалдор мекунад.

Як нукта боиси тазаккур аст, ки назди мақомотҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят комиссияи зиддиэпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, идораи байторӣ бо ном фаъолият доранд ва самараи фаъолияти “хуб”-и ин комиссияҳо боиси зиёд осеб дидани аҳолӣ аз сагҳои дайду гаштааст. Мебояд масъулони мақомотҳои болозикр қисме аз вазифаҳои худро ба зиммаи Идораи коммуналӣ напартофта, аз утоқҳои “люкс”-и хеш берун баромада, бо  шаҳрвандон барои безарарсозии сагҳои дайду талошҳои муштарак дошта бошанд.

Ҷомӣ Халифаев,

вилояти Хатлон

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Найм:

    Согхой кучагиро мепарондан жаловаться каден бо чи мехохен Барой сум шида фонд помощи бездомных животных гилау нола кадан ку кани хавайе чи хапан

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner