• Бахтовар Сафаров
  • 08.03.2019
  • 0

Решаи зӯроварӣ дар костагии ахлоқ аст

Боре як дӯсти журналистам шӯхиомез гуфта буд, ки шумораи занон дар кишвари мо аз мардон бештар аст, вале масъулияти ҳалли мушкилоти 51%-и аҳолии Тоҷикистон, яъне бонувонро танҳо як идора-Кумитаи кор бо занон ва оила бар дӯш дорад. Ин кор дар ҳақиқат қаҳрамонӣ мехоҳад.

Воқеан, ҳалли масоили рӯзгори занону духтарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа талошҳои зиёде мехоҳад. Дар арафаи Рӯзи Модар мо бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода сари ҳамин мавзуъ ва дигар масоили ҳаёти бонувони тоҷик суҳбати ҷолибе доштем, ки фишурдааш манзури шумо, хонандагони азиз мегардад.

Сараввал шуморо бо иди бонувон — Рӯзи Модар самимона муборакбод мегӯем! Мегуфтед, ки Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба ин ид чӣ нақшаҳо дорад? Аз хонаҳои куҳансолон, маъюбон, ятимон ва маҳбасҳои занона дидан мекунед ё на? 

-Ман низ фарорасии баҳори нозанину гулафшон ва Рӯзи Модарро  ба тамоми модарони сарафроз ва занону духтарони тоҷик шодбош гуфта, барояшон саодати рӯзгор ва ободии хонадонро таманно дорам. Кумитаи кор бо занон ва оила ба истиқболи ин санаҳои муҳим як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Фестивали «Чакомаи гесӯ», ки рӯзи 2-юми марти соли равон дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев доир гардид, шаҳодати ин гуфтаҳост. Гузаронидани дигар чорабиниҳо аз қабили «Кадбонуи беҳтарин», «Заргари беҳтарин», «Сад ранги чакан», Фестивали «Атласу адрас» низ дар назар аст. Дар арафаи ид роҳбарияти кумита аз маҳбасхонаи занонаи мустақар дар шаҳри Норак дидан намуда, ба кӯдакони дар маҳбас қарордошта туҳфаҳо ва шириниҳо ва ба ятимхонаи рақами 2 шаҳри Душанбе кӯмаки яквақтаи моддӣ расонид.

-Ҷудошавии оилаҳои ҷавон солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Барои пешгирии ин падидаи номатлуб шумо чӣ корҳоро ба сомон мерасонед?

Тибқи иттилои САҲШ дар соли 2018 нишондиҳандаи пошхӯрии оилаҳо 11013 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2017 ин 913 адад зиёд аст, аммо ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон аз ҷониби кумита тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Равоншиносону ҳуқуқшиносони кумита ҳамарӯза ба муроҷиаткунандагон машваратҳои равонию ҳуқуқии ройгон медиҳанд. Дар соли 2018 аз ҷониби кумита зиёда аз 100 оилаи дар сарҳади талоқ қарордошта аз нав ба созиш дароварда шуданд ва айни замон зери назорати кумита қарор доранд. Мо корҳои тарғиботиву ташвиқотиро миёни аҳолӣ пурзӯр намуда, семинару тренингҳои омӯзишӣ ва мизҳои мудаввар мегузаронем. Дар назди раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомотҳои маҳаллӣ марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ амал менамоянд. Боварӣ дорам, ки ин чорабиниҳои ахлоқӣ-маърифатӣ ба устувор гаштани бинои оила дар кишварамон мусоидат менамоянд.

-Занҳоеро, ки аз шавҳар ҷудо шуда бо фарзанди ноболиғ дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондаанд, кумита дастгирӣ мекунад?  

Занҳои бо фарзандони ноболиғ дар нимараҳи зиндагӣ танҳо мондаро мо албатта дастгирӣ мекунем, вале дар доираи он имкониятҳое, ки имрӯз кумита дорад. Зан бе маълумот бошад, дар мактаби ғоибонаи назди Вазорати маориф ва илм ба таҳсил фаро гирифта мешавад, агар хоҳиши омӯхтани ягон касбро дошта бошад, ба касбомӯзӣ дар назди Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристем. Занҳои соҳибкасб бо ҷойи кор таъмин карда шуда, фарзандонашон ба мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва мактаб-интернатҳо ҷалб карда мешаванд. Иддае аз занҳои танҳомонда аз грантҳои Президентӣ низ бархурдор мегарданд.

Хушунати оилавӣ дар се-чор соли охир ба мавзӯи доғи ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Ҳафтае нест, ки хабари куштори ваҳшиёнаи зан аз ҷониби шавҳар, келин ба дасти хусур, модар ба дасти фарзанд, хоҳаршӯй бо дасти янгаву янга бо дасти хоҳаршӯй ва ё шавҳар бо дасти зану фарзанд бо дасти модар ба гӯш нарасад. Сабаби авҷ гирифтанӣ бераҳмӣ ва ҷаҳолатро дар чӣ мебинед?  

-Решаи бераҳмию ҷаҳолат, бе шафқатию беулфатии аъзои хонавода дар сабр надоштан, таҳаммул накардан, аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ бехабар будан, вазъи иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва косташавии ахлоқу маърифат аст. Барои пешгирии ин падидаи номатлуб дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи Авруосиё» дар Тоҷикистон Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ташкил шудааст.  Касоне, ки бо зӯроварии хонаводагӣ рӯ ба рӯ гаштаанд, метавонанд тариқи телефони 13 13 ба ин марказ, ки дар назди кумита амал менамояд, муроҷиат карда, машварати равонию ҳуқуқии ройгон бигиранд.

Пештар танҳо мардони тоҷик ба муҳоҷират мерафтанд, чанд соли охир занҳо ҳам барои ёфтани ризқу рӯзӣ роҳи Русияро пеш мегиранд. Кумита бо занҳои муҳоҷир робита дорад?

Муҳоҷирати меҳнатӣ як роҳи дарёфти ризқу рӯзӣ ҳам барои мардон ва ҳам барои занон буда, танҳо дар Тоҷикистон не, дар давлатҳои дигари дунё низ ба назар мерасад. Кумита бо Хадамоти муҳоҷират, Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷики муқими Россия робитаи хуб дошта, аз ҳаёт ва фаъолияти бонувони муҳоҷир ҳамеша бохабар аст. Дар доираи имкониятҳои худ мо барои пайдо намудани ҷойи кори мусоидат ба занону духтарони тоҷик ёрӣ мерасонем.

Назари Шуморо ба масъалаи фарзандхонӣ донистан мехостем, зеро барои як кӯдакро қонунан фарзандхонд гирифтан қариб шаш моҳ вақт сарф мешавад. Чунон ҳуҷҷати бисёре ҷамъ кардан лозим меояд, ки ногуфтанӣ. Магар беҳтар нест, ки фарзандхониро сабуктар карда, шумораи тифлакони бе парасторро кам намоем?  

-Тифлеро ба оғуш гирифтану сарашро сила намудан фарзу савоб аст. Имрӯз ту дасти тифлеро мегирӣ, фардо ӯ дасти туро мегирад. Дар масъалаи ҳуҷҷатнигорӣ бошад, ин ҳама ба хотири муайян намудани вазъи саломатӣ ва иҷтимоии оилаҳоест, ки кӯдаконро ба фарзандхонӣ қабул кардан мехоҳанд. Кӯдак дар оилаи солим тарбияи дуруст мегирад, аз ҳамин хотир ин масъала хеле нозук аст.

 —Тӯли чанд соли охир бо воситаи Кумитаи кор бо занон ва оила як зумра  занони деҳот грантҳои президентӣ гирифта, ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз намуданд. Ин грантҳо чӣ натиҷа доданд ва оё то ҳанӯз занҳо грант мегиранд ё не?

Ҳанӯз аз соли 2006 инҷониб барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии оилаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ ба занону бонувон грантҳои Президентӣ ҷудо гардида истодаанд. Дар соли 2018 ба беш аз 80 нафар занони деҳот аз ҷониби Комиссияи озмунии гранти Президентӣ дастгирӣ ёфта, 302 нафар занон бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Озмуни пешниҳоди лоиҳаҳо ба Комиссияи озмунӣ давра ба давра эълон гардида, он тариқи сомонаи кумита, сатри равони шабакаҳои телевизионӣ ва дар саҳифаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» эълон карда мешавад.

-Пештар дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила маркази  “Чароғи маърифат” амал намуда, духтарони фаъолро гирд оварда буд. Тақдири ин маҳфил чӣ шуд?

— Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» аз соли 2006 то инҷониб фаъолият дошта, тамоми шароитҳои муосири истиқомату таҳсилотро дорост. Айни замон дар он 90 нафар донишҷӯдухтарони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд. Утоқҳои машғулиятҳои забонҳои хориҷӣ (англисӣ, хитоӣ) компютерӣ, варзишӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ, кошонаи ҳусни Марказ муҷаҳҳаз буда, духтарон ба забономӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд. Бо духтарон мутахассисону коршиносон, равоншиносону ҳуқуқшиносони варзида корбарӣ менамоянд.

-Таманнои шумо ба хонандагони ҳафтаномаи “Оила”.

-Таманниёти ман дар ин рӯзи саид он аст, ки тамоми модарони тоҷик ҳамеша сиҳатманд бошанд. Дар ҳалқаи фарзандон, хешу ақрабо хуррам ва сарбаланду саодатёр зиндагӣ карда, шукри ободии Тоҷикистонро намоянд. Бигзор фазои оилаҳои тоҷик боз ҳам солимтар гашта, меҳру муҳаббат, садоқату ҳамдигарфаҳмӣ, лутфу навозиш дар ҳар як хонадон ҳукмфармо бигардад.

-Барои суҳбати самимӣ як ҷаҳон ташаккур! Бори дигар идатон муборак!   

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.