• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 19.03.2019
  • 0

Резамушкилҳои Резагул: писараш бе шиносномаю худаш бехона

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзода

…Резагул воқеан  хам зани майдаҷусса аст. Бо вуҷуди дар зиндагӣ  хеле азият кашидан, зани кушодачеҳра буда,  суханонаш  нарму  меҳрубонона садо медиҳанд. Ҳатто  вақте ки сухан дар мариди  онҳое, ки барои азиятҳои кашидааш дар зиндагӣ онҳоро гунаҳгор меҳисобад меравад, ягон лаҳни дуруштро ба онҳо лоиқ намебинад. Қиссаи зиндагии ӯ дурудароз аст, аммо агар онро ба шакли кӯтоҳ рӯи саҳифа орем, хулосааш чунин аст:

-Ман як зане, ки дар айёми ҷангҳои шаҳрвандӣ падарам қурбон шуда, ба амри тақдир ҳам аз модарам ҳам маҳрум шудам. То ба имрӯз аз касе ва идорае барои тарбияи фарзандонам, ки бепадар онҳоро бузург карда истодаам, кумаке  надидаам ва бо азоб онҳоро ба воя расонида истодаам. Аммо аз куҷо донам, ки ба болои ин ҳама азобҳо боз ба азобҳои дигаре дучор мегардам. Ба хотири таъмини  зиндагии  фарзандам, ду фарзанди хурдиамро ба апаам супорида, ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Русия рафтам ва   фарзандони калониамро бо худ ба Русия бурдам.

-Бо ҳамин онҳоро аз таҳсил монондед?

-Не, баръакс шуд, дар он ҷо фарзанди калониам Зафар бо кумаки як русзани раҳмдил дар мактаби миёнаи касбии вилояти Москва «Коллеҷи Красногороск» филиали Истра бо ихтисоси «Устои кори сохтмонҳои умумӣ» дохил шуда, мехонд. Аммо Зафарро, ки  сардори оилаи мо ба ҳисоб меравад, бо сабаби беморӣ маҷбур шудам  яксола рухсати академикӣ гирифта,  ба Ватан  фиристонидам, то ки  ба додару хоҳаракаш саробон бошад. Фарзанди дуюмам  Илҳом бошад, аз овони кӯдакӣ дар мактаби миёнаи ин кишвар  таҳсил намуда, то ҳол таҳсилоташро бо азобу машаққат дар коллеҷи мазкур идома дода истодааст. Ӯ  ҳамзамон дар тими “ЦСКА”-и шаҳри Истраи  вилояти Маскав ҳамчун футболбози беҳтарин ба ҳисоб меравад. Қисса кӯтоҳ, Зафар пас аз бозгашт  ба назди холааш ба шаҳри Ваҳдат меравад. Дар роҳи Ваҳдат аз тарафи кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри мазкур, тариқи иҳотагири (облава)  барои  хизмат, ба вилояти  Бадахшон равон мекунанд.

Фарзандам, ки додару хоҳарашро танҳо партофта омада буд,  аз ғояти ноилоҷӣ  даст ба худкушӣ мезанад ва ӯро девона гуфта, ба Беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ меоранд, сипас дар госпитали ҳарбӣ бистарӣ мекунанд ва баъдан  “девона”-ро дар Вазорати мудофиа ба муддати ду моҳ нигоҳ медоранд. Ҳамзамон, ҳар ду шиносномаи ӯ аз вақти боздошт  бедарак гаштааст…

Инро  шунида,  маблағ қарз кардаму аз Русия ба Ватан баргаштам ва муддати зиёдест, ки идора ба идораҳои ҷумҳурӣ овора шуда мегардам, лекин ягон кас ба додам  намерасад…

-Пас, ҳоло ҳуҷҷатҳои писаратонро мекобед?

-Бале, ду маротиба ба Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намудам, аммо ягон чорае наандешиданд. Дар ҷавоби мактубашон омадааст, ки ғайр аз ин писар доред, шукр кунед. Албатта, ман фахр аз он мекунам, ки фарзанди ман  хизмати Модар — Ватанро кардааст. Заррае ҳам бошад, мо бо аҳли оилаамон ба Ватан хизмат кардаем ва  ман аз ин шукргузорам, ки писарам моҳи майи соли 2018  хизмати Ватанро дар қисми ҳарбии 07017-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба охир расонида, ба наздам баргашт, аммо то ҳол ҳуҷҷат меҷӯяд (шиносномаи тоҷикӣ ва хориҷиаашро), Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ваҳдат гирифта буд, баргардонида надодаанд. Ӯ мехоҳад, ки баъд аз чунин рухсатии “академикӣ” ба Русия баргашта, таҳсилашро идома диҳад. Ба болои ин,  боз як мушкилоти дигаре домангири оилаи ман шуд…

Хонаи валангори Резагул

 -Чӣ, боз ягон писари дигаратонро “облава” гирифт?

-Не, ин дафъа хонаю дарамро “облава”-и  беҳуқуқӣ соҳиб шуд, ки қиссаи он ҳам дароз аст… Марҳум модарам Ширмо Саъдуллоева  соли 1999 дар санаи 18 октябр бо қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ собиқ Ҷиликӯл таҳти рақами №178 манзили истиқоматиашро ба фарзандони ман Зафар ва Илҳом Гулмаҳмадовҳо васият карда буд. Модарам моҳи октябри соли 2012-ум вафот кард ва ман бо фарзандонам дар ҳавлини  модариамон зиндагӣ мекунем  ва дар қайд ҳастем. Вақте ки ман аз муҳоҷират  омадам, хона валангор ва дар ними дигараш зани бародари маҳрумам, ки ӯ  то ин вақт бо падару модарам хизмат накардааст ва  дар Русия зиндагӣ мекард,соҳибӣ карда буд. Ба бародарам аз тарафи ҳукумати ноҳия замини наздиҳавлигӣ дода буданд. Бародарам бо маслиҳати занаш ғайриқонунӣ заминро мефурӯшад, ӯ боз ба Русия меравад ва дар он ҷо вафот мекунад. Юлдошева — ҳамсари бародарам бошад, худсарона хонаро ишғол кард. Ман баъдтар фаҳмидам, ки бародарони ӯ Хайрулло ва Абдулло бо суиистифодаи аз мансаб  котиби ҷамоатро маҷбур карда, онҳоро  ба қайд мегузоранд.  Ба КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” супориш медиҳанд, ки хонаро  ба  номи Фотима Юлдошева гузаронанд. Аммо тирашон  хато хӯрд.  Ман боз маҷбур шуда,  5-уми  май бо таври шифоҳӣ ба Ҳукумати ноҳия муроҷиат кардам.  Раиси ноҳия ба муовини якуми раиси ноҳия ва раиси ҷамоат супориш дод, ки ҳолати зиндагии маро бубинанд, аммо боз бенатиҷа. Боз муроҷиат намудам, аммо ҷонишинони раиси ноҳия Сафаров ва Баротов дар назди  дигар ҳайатони комиссия ва кормандони масъули ноҳия, ки  дар идораи ҷамоат ҷамъ шуда, гӯё  ман ягон гунаҳгор бошам, ки ҳар хел саволҳо доданд, ки падари фарзандонам кист  ва онҳо аз куҷо пайдо шудаанд? Оё  ту Бибимарям  ҳастӣ, ки бепадар фарзанд кардӣ? Ту  боз ба Русия рафта пул ёб ва омада, ними хонаатро таъмир намо. Магар чунин таҳқир лоиқи роҳбарон аст? Ё магар номи ман Резагул гуфта, онҳо маро реза карданианд?

-Шояд онҳо гумон мекунанд, ки барои одами хурдҷусса пулёбӣ дар Русия осон аст?

-Кошкӣ худашон муҳоҷир шуда, мазаи онро мечашиданд…

…Қомати дар байни курсиҳои баланди идора базӯр намоёни Резагул оҳиста боло шуда, ӯ ба тарафи баромадгоҳ равон  мешавад. Ман намедонистам, ки барои саҳлангории чиновникҳои маҳаллӣ аз ин модар узр пурсам ва ё гуфтаҳояшро бетаҳрир ӯро рӯи саҳифа орам? Роҳи дуюмро интихоб намудам…

А. АҲМАДЗОДА,

Суратгир: Ҷ. ХАЛИФАЕВ

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner