«Тезпазакҳо»-и илм, вазъи забони тоҷикӣ ва эрод ба Айнӣ

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Мусоҳиба бо забоншинос Мукаррама Қосимова

 Доктори илмҳои филология, профессор, забоншинос, аъзо-корреспонденти АИ ҶТ, муаллима Мукаррама Набиевна Қосимова, ки устоди чандин насли забоншиносони кишвар ҳастанд, ба синни мубораки 85 расиданд. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо эшон, ки фишурдаи онро пешкаши шумо менамоем.

-Муаллимаи азиз, нахуст мехостам аз ҳолу рӯзгоратон бигӯед, то шогирдонатон, ки дар манотиқи мухталифи кишвар зиндагӣ мекунанду ба шумо меҳр меварзанд, огоҳ бошанд.

-Шукр,  рӯзгори хуб дорам, бо вуҷуди он ки солҳои охир чандин бемориро аз сар гузаронидаму ҳоло ҳам беморам. Фарзандони хуб,  набераҳои меҳрубон ва аберачаҳои дӯстрӯ дорам. Аммо бештар дар мавриди корҳое, ки натавонистам то ҳол иҷро намоям,  фикр мекунам. Махсусан, дар бораи китоби дарсии «Таърихи забони адабии тоҷик», ки дар 6 ҷилд бояд навишта мешуд. Қаблан  2 ҷилди ин китобро, ки таърихи ташаккули забони тоҷикиро дар асрҳои IХ ва Х фаро мегирад, навиштаву нашр карда будам. Аммо беморӣ имкон надод, ки қисмҳои баъдии онро нависам, бинобар ин онро ба шогирдонам тақсим кардам. Ҳоло агар умр вафо кунад, як қисми дигарашро ҳам менависам.

-Шумо таърихи забони тоҷикиро аз асрҳои IХ ва Х мавриди омӯзиш қарор додед, аммо имрӯз  гурӯҳе пайдо шудаанд, ки мавҷудияти забони тоҷикиро пурра инкор мекунанд. «Забоне бо номи тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт ва номи ин забон форсист» мегӯянд. Нисбат ба ин чӣ назар доред?

-Ман ба ин баҳсҳо ҳамроҳ нестам, зеро бознишастаам. Аммо забони тоҷикӣ буд ва ҳаст. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Айнӣ ва Лоҳутӣ магар тоҷикӣ нест? Албатта, ҳаст. Дар баробари ин, форсӣ ҳам ҳаст. Форсӣ ё тоҷикӣ гуфта, баҳс кардан маънӣ надорад. Ман имрӯз тоҷикӣ гуфта, забони асил ва нобу тозаи форсиро дар назар дорам, зеро забони имрӯзаи Эрон ва Афғонистон бо сабабҳои маълум махлут шудаву аз забони классикӣ то андозае дур шудааст. Забони адабии тоҷикӣ  ҳамон забони шево ва зебост, ки адабиёти классикӣ ва осори бузургони мо навишта шудааст. Бинобар ин, ман ба он ақидаам, ки забони тоҷикӣ буд ва ҳаст ва агар дар гӯлӯям теғ ҳам монанд, аз фикри худ намегардам.

-Заминаи асосии ин баҳсҳо аз содакунии забон оғоз мешавад. Бархе мегӯянд, раванди ба омма наздик кардани забон, ки устод Айнӣ ва насли ҳамон давра оғоз карданд, забони моро аз асл дур кард.

-Ин ҳарфҳои бепоя асос надорад. Сода кардани забон маънои аз асл дур кардани онро надорад, баръакс оммаро китобхон ва ба китобу адабиёт наздик кард. Забони насри классикии моро бубинед, чӣ қадар душвор ва печида аст, ки онро мардуми одӣ намефаҳманд. Эрод гирифтан ба устод Айнӣ беинсофист, зеро эшон барои рушди забони адабии тоҷикӣ ва аз даст нарафтани асолати он хидмати зиёде кардаанд.

-Муаллима, падари шумо журналист Набӣ Фахрӣ буданд. Аммо чӣ шуд, ки шумо ба соҳаи душвори илми филология – забоншиносӣ рӯ биёред. Гумон мекунам, ки забоншиносӣ ин фанни дақиқ ва ниҳоят душвор аст.

-Мегӯянд, ки риёзӣ ва забоншиносӣ хешигарӣ доранд. Ман 8- сола будам, ки падарам Набӣ Фахрӣ яке аз поягузорони журналистикаи шӯравии тоҷик аз дунё гузаштанд. Модарам ҳам хеле ҷавон, дар синни 54 реҳлат карданд. Аммо солҳои мактабхонӣ ман математик шудан мехостам.  Дар мактаби духтаронае, ки директораш Мағфират Каримова буд, таҳсил мекардему Муҳаммадҷон Шакурӣ ба мо дарси адабиёт медоданд. Як рӯз  аз мо пурсиданд, ки кадом пешаро интихоб мекунед? Ман посух додам, ки риёзидон шуданӣ ҳастам. Аммо муаллим пешниҳод карданд, ки ба факултети филология ҳуҷҷат супорам ва гуфанд: «Шумо дар дарки адабиёт ҳассосед». Ба  филология ҳуҷҷат супоридам. Ибтидо дар гурӯҳи адабиётшиносӣ таҳсил мекардам, баъдан Оранский ном як забоншиноси донишманд муаллим шуда омад. Ӯ марди доно, донандаи хуби таърихи забон ва адабиёти тоҷик буд. Ман ба василаи дарсҳои ӯ ба забоншиносӣ гузаштам. Аз дигар тараф, донишҷӯёни гурӯҳи забоншиносӣ бо хатҳои мухталиф ошно буданд ва бо хатҳои паҳлавиву мехӣ ва форсӣ ба ҳам мактуб менавиштанд, ки табиист маро ба сӯйи худ мекашид. Ҳамин тавр, факултетро хатм кардаву тақдир будааст, ки барои ҳамеша он ҷо мондам.

-Ба мо – аҳли факултети журналистикаи ДМТ мегуфтанд, ки барои ташкили шуъбаи журналистика дар донишгоҳ филологҳо ҳамеша зид будаанд. Аммо бо мусоидати ректори вақти донишгоҳ Солеҳ Раҷабов ва кӯшиши шумо шуъбаи журналистика таъсис ёфт. Ҳақиқат кадом аст?

— Соли 1966 факултети таъриху филологияро аз ҳамдигар ҷудо ва маро декани факултети филология таъин карданд. Солеҳ Ашӯрович як рӯз маро ҷеғ зада гуфтанд, ки дар факултети филология шуъбаи журналистика таъсис медиҳем ва дастур доданд, то ки омода шавем. Аммо ягон замина барои шуъба вуҷуд надошт. Ҳамон сол Отахон Латифӣ Маскавро хатм карда омада буд, рафта илтимос кардам, аммо   розӣ нашуд, ки ба журналистон дарс гӯяд. Ба муаллим Бухоризода супориш додем, ки нақшаи таълимии шуъбаро созанд, аммо он қабул нашуд. Солеҳ Раҷабов ин бор маро ҷеғ зада, дастур доданд, ки нақшаро созам ва он қабул шуд. Ҳамин тавр, шуъба ташкил шуда, гурӯҳ қабул кардем, аммо баъди 2 сол  барҳам хӯрд.

-Мукаррама Набиевна, шумо чандин сол мудири кафедра ва декани факултет будед. Бигӯед, барои як факултети идеалӣ чӣ лозим аст?

-Мутахассис. Мо шуъбаи журналистикаро кушодем, мутахассис набуд. Абдусаттор Нуралиевро аз Қазоқистон, аз хатмкунандагони соли аввал Иброҳим Усмоновро баъди хатм даъват кардем . Ҳамин  тавр, гурӯҳи мутахассисон тарбия шудаву имрӯз факултети журналистика қомат рост кард ва факултети хуби ДМТ аст.

-Оё имрӯз дар факултети филологияи ДМТ, ки шумо ба он пайвастагии бевосита доред, мутахассисони дараҷаи аввал ҳастанд?

-Албатта, мутахассисони нағз ҳастанд. Аммо дараҷаи аввал ангуштшумор. Ин ҳарфро гуфтани ман, шояд нодуруст аст, аммо Ҳилол Каримов, Соҳиб Табаров, Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ нотакроранд. Охирин нафари ин устодон Худоӣ Шарифзода буданд, ки аз дунё рафтанд…

-Шумо 22 сол раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар ДМТ будед. Яъне, аз сатҳу сифати илми филология огоҳед.  Илми мо ба куҷо рафта истодааст?

-Сатҳи илми мо дар умум мусбат аст. Дар самтҳои гуногун таҳқиқотҳои хуб сурат мегиранд. Бубинед, аввалин доктори илм аз ҳисоби занон дар Тоҷикистон ман ҳастам, баъдан Ҷонон Бобокалонова, Хуршеда Отахонова дигарон ҳимоя карданд. Яъне, пештар шумораи занон кам буд, имрӯз зиёд шуда истодаанд. Аммо як чизи дигарро мехоҳам гӯям ки солҳои охир рисолаҳои илмии суст зиёд шуданд. Муҳаққиқон ҳар чӣ зудтар, саросема мехоҳанд доктори илм шаванд. Ман ба онҳо «тезпазак» ном гузоштаам. Албатта, масъулиятшиносҳо ҳам ҳастанд.

-Шумо чанд шогирд доред?

-48 нафар.

-Худатон боре рисолаи хомро барои ҳимоя роҳ додаед?

-Бале, мутаассифона. Медонед, роҳбар худи падару модар ва шогирд фарзанд барин. Намешавад, ки ҳама фарзанд баробар бошад ва роҳбар ҳам шогирдашро сарфи назар кунад. Аз ин роҳи гурез нест. Рисолаи номзадии яке аз шогирдони ман ҳам каме хом буд ва барои ҳимоя карданаш иҷозат додам.

-Ҳоло шогирд доред?

-2 доктарант доштам, ки рисолаҳояшонро тамом карда, дар ҳоли ҳимоя ҳастанд.

-Шумо чандин сол  аъзо – корреспонденти Академияи илмҳо шуда будед, аммо чаро академик нашудед?

-Лозим надонистанд ва ин муҳим ҳам нест.

-Ба андешаи шумо, муҳимтарин кори илмиатон дар илм кадом асаратон аст?

-«Хат ва имлои матни классикӣ», ки 5 маротиба нашр шуд ва «Таърихи забони адабии тоҷик».

-Муаллима, ҳам олим будан, ҳам зиндагиро нигоҳ доштан, шавҳару фарзандонро нигоҳубин кардан магар бароятон душвор набуд?

-Дар фарҳанги тоҷикон ба ғайр аз шавҳар, пайвандони шавҳарро ҳам бояд нигоҳубин кард. Албатта, барои ман душвор буд, аммо шавҳари ман Муқаддас Искандаров ҳамеша маро дастгирӣ мекарданд ва дар паҳлуям буданд. Ҳамаи дастовардҳои зиндагии ман ба меҳрубонии эшон алоқаманд аст. Рӯҳашон шод бод…

 

Мусоҳиб:

Одили Нозир


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Акалан Абдунаби Сатторзодаро хам номбар накардед? Е Сатторзода дар баробари Худои Шариф дониш надоранд?

  • Абдунабӣ Сатторзода, дар вокеъ, донишманд аст. Муаллима ҳини суҳбат фаромӯш кардааст. Мавсуфа чанд гоҳ беморӣ кашидаанд, мумкин ҳамин афсурдагиҳо сабаб шуда бошанд, номи донишманд ба хотирашон нарасидаанд.

Leave a Reply