Поёни қазияи КВН Мирсаидов бо 12 соли зиндон маҳкум шуд

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

 

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») аз  5-уми декабр инҷониб дар боздоштгоҳ қарор дошт ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми мазкурро суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл эълон кард ва Мирсаидову вакилаш ҳукми судро беинсофӣ номиданд. Мирсаидов як рӯз қабл дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфт, «ман бо дастаи КВН обрӯи Тоҷикистонро боло бурдам ва ба ҷои мукофот маро зиндон карданд.”

 

АгарМирсаидов  ба санҷишҷалбмешуд, шояд…

Азбаски сабаби асосии ба маҳкама кашида шудани Мирсаидов баҳси молӣ аст, оғози моҳи ҷорӣ аз ҷониби як ширкати маҳаллии аудиторӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд санҷиши молии «Маҳфили ҳозирҷавобон » анҷом дода шуд. Ин санҷишбо дархости мақомоти прокуратура  анҷом дода шуда, санҷишгарон дар натиҷаи таҳлилдар ҳисоботи хароҷоти маблағҳои аз буҷа барои КВН-и Тоҷикистон ҷудогардида аз ҷониби роҳбари он журналист Хайрулло Мирсаидов, ҳудуди 124 ҳазор сомонӣ «қарз»-ро ошкор кардаанд.

Яке аз сабабҳои афзоиши миқдори қарз, ки дар назди қонун “ғайримақсаднок истифода бурдани маблағи буҷа” ба шумор меравад,  дар харҷнома пешбинӣ нашудани  беш аз 17 ҳазор сомонӣ барои иштироки маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик дар Русия аст, ки масраф шуда бошад ҳам, дар харҷнома дарҷ нагардида ва ҳатто ба эътибор гирифта нашудааст.

Мақомоти суди шаҳри Хуҷанд пас аз як ҳафтаи таваққуф, сешанбеи 4-уми июл се санҷишгар (аудитор)-еро, ки санҷиши молии КВН-и Тоҷикистон дар 3 соли фаъолияти он, аз охири соли 2014 то соли 2017 анҷом додаанд, бозпурсӣ кард.  Хуршед Очилов, мутахассиси ширкати маҳаллии “Аудит 2015” ба расонаҳо гуфтааст, ки санҷиши молии КВН-и Тоҷикистон «бо супориши додситонӣ» сурат гирифт ва дар он Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари «Маҳфили ҳозирҷавобон» иштирок надошт.

Ба қавли Очилов, мутахассисони ин ширкат танҳо ҳисоботи хароҷотеро, ки Мирсаидов ба раёсати ҷавонон пешниҳод карда буд, мавриди санҷиш қарор додаанд. Ин ширкат дар ҳисоботҳои Мирсаидов беш аз 65 ҳазор сомонӣ норасоии маблағҳои аз буҷа барои фаъолияти КВН ҷудогардидаро ошкор кардааст.

Хайрулло Мирсаидов ба хулосаи санҷиш розӣ нест,  чун ин санҷиш бидуни иштироки ӯ ва танҳо дар асоси маводи пешниҳодкардаи додситонӣ доир гардидааст. Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Мирсаидов гуфт, агар тибқи қонун худи айбдоршаванда Мирсаидов низ ба санҷиш ҷалб мешуд, он гоҳ даст надоштани ӯ дар «исроф ва аз худкунии маблағҳои буҷа» исбот мегардид ва зарурати ӯро дастгир ва айбдор кардан аз байн мерафт.

 

123 ҳазоркамбудимаблағ дар ду сафар

Муҳаммадодил Қобилзода, мутахассиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, ки низ санҷиши молии КВН-и Тоҷикистонро анҷом додааст, ба ҳайси шоҳид дар додгоҳ гуфт, ӯ сарфи 976 ҳазор маблағҳои аз буҷа барои иштироки КВН-и Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Сочи ва Маскав ҷудогардидаро санҷида, 123 ҳазор сомонӣ камбудӣ ошкор кардааст. Мақомоти молия тавассути Раёсати ҷавонони Суғд маблағҳои барои КВН-и Тоҷикистон ҷудогардидаро ба корти пластикии Мирсаидов интиқол додаанд. Ӯ гуфт, камбудӣ дар ҳисоботи хароҷоти маблағ дар пардохти ҳаққи будубоши шабонарӯзии аъзои КВН, пардохти дастмузд (гонорар) барои муаллифони руси саҳнаҳои ҳаҷвӣ, харҷи манзил ва мисли инҳо ошкор шудааст.

Қобилзода ба таъкид гуфт, аъзои КВН бояд сарпараст меҷустанд ва маблағ барои саҳначаҳои ҳаҷвии худро пайдо мекарданд. Қобилзода пурсид: “Чаро ба хориҷиҳо гонорар пардохт шудааст?” Хайрулло Мирсаидов гуфт, ин ҳаққи Вазорати фарҳанг аст, ки посух диҳад ба муаллифони кишварҳои дигар низ гонорар пардохт кардан мумкин аст ё не.  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пардохти 100 ҳазор рубл ва ба қавли худи Мираидов, 300 ҳазор рубл маблағи буҷаи вилояти Суғд ба ҳаҷвнависони рус барои навиштани саҳначаҳо барои КВН-и Тоҷикистон мақомоти тафтишотиро хуш наомадааст.

Ба қавле падари Хайрулло — Ҳабибулло Мирсаидов  писарашро рӯзи 5-уми декабр ба додситонии Суғд даъват карда, дар ҳамон ҷо боздошт кардаанд. Хайрулло Мирсаидов дар СИЗО-1 нигаҳдорӣ мешавад ва пайвандонаш ӯро аз ҳамон замон надидаанд ва аз  наздик тамос ҳам нагирифтаанд.

 

Қодирӣ ва ибтикори ӯ

Тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон соли 2014 боташаббусисобиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъсис ёфта буд. Соли2015 дар ҷашнвораи ҳозирҷавобон, ки  дар шаҳри Сочии Русия баргузор гашт, аз миёни 400 тим ба қатори 70 тими беҳтарин шомил шуд ва ба сабқатҳои телевизионии КВН-и Русия роҳ ёфт. Дар соли ҷорӣ ин тим дар сабқатилигаимарказииМаскав то ба марҳилаиниҳоӣрасидааст. Дар соли гузашта ин тимиҳозирҷавобонлигаимактабхонони КВН дар вилоятиСуғдротаъсисдод, ки дар он ҳудуди 200 даста  азмактабҳоишимолиТоҷикистонсабқатмекунанд.

Фарзона Муродӣ

“Тоҷикистон”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply