Робот арӯс шуд

Наход, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Муҳандиси 31-солаи хитоӣ духтар-роботеро сохта ба занӣ гирифтааст. Ин ҳодиса ба филми фантастикӣ монандӣ дорад, охири соли гузашта Чжен Сзясзя зан–роботе сохтааст, ки мисли одам гап зада метавонад. Ихтироъкори ҷавон волаю шайдои роботи сохтааш гашта, қарор дод ин зани оҳанинро ба занӣ бигирад. Рӯзи 31-уми март мувофиқи расму русуми хитоӣ маъракаи ақди никоҳи Чжен Сзясзя  ва арӯси оҳанинаш барпо гашт. Арӯсӣ  булаҷаб дар тан либоси сиёҳу дар сараш тӯри сурх дошт ва ҳозирин аз ӯ чашм канда наметавонистанд. Домоди хушбахт иқрор шудааст, ки чандин сол боз дар ҷустуҷӯи зани идеалӣ буд ва акнун ба муроди дилаш расидааст.

Тортанак дар сар

Рӯзе сешанбеи ҳафтаи гузашта дар кишвари Ҳиндустон занеро ба беморхона оварданд, ки аз хала задани сараш шикоят мекард. Табибон маризро се маротиба ташхис намуда, ба хулосае омаданд, ки дар дохили косахонаи сараш чизе меҷунбад. Доктор Шанкар пас аз ҷарроҳӣ ба журналистон иқрор шудааст, ки дар косахонаи сари зан тортанаки калоне гаштугузор дорад. Ба ақидаи табибон тортанак бо воситаи сӯрохии биниаш ба сари зан даромада, дар он дармондааст.   Ҳаракат кардани ҳашарот боиси дард кардану хала задани сари мариз гашта, ӯро беқарор менамуд. Тортанак ҳеҷ намехост ҷойи гармашро хунук кунад, вале табибон бо роҳи ҷарроҳӣ онро аз косахонаи сари зан берун карданд.

Марги зану шавҳар дар як рӯз

Дар Бритониёи кабир зану шавҳаре, ки муддати ҳафтод сол якҷоя умр ба сар бурдаанд, дар як рӯз пайи ҳам бо фосилаи 4 дақиқа аз дунё реҳлат намуданд. Вераи 16-сола ва Уилфи 18-сола то Ҷанги дуюми ҷаҳон шинос шуда, баъди ҷанг издивоҷ намуда буданд. Баъди 70 соли зиндагии якҷоя Уилф бо бемории камақлии пиронсолӣ ба хонаи пиронсолон афтида, завҷаашро ғамбемор намуд. Субҳи рӯзи 29 марти соли равон, соати 6.50 Уилф дар беморхона вафот кард ва ҳамагӣ пас аз панҷ дақиқа бо шунидани хабари марги шавҳараш дили Вераи вафодору яккапараст  аз кор монд.

Кобра ба суроғи об омад

Дар кишвари Ҳиндустон хушксолии сахт на танҳо ба одамон, балки ба ҷонварону хазандагон низ беасар намемондааст. Ин гуфтаҳоро кобрае исбот менамояд, ки базӯр ба яке аз деҳаҳои ҳиндӣ хазида, ҳатто мадори ба касе зарар расонидан надоштааст.  Ҳиндуҳо ба кобра об доданд ва хазандаро ба беморхонаи ҳайвонот бурданд, то табиби ҳайвонот ба мор кӯмак расонад.

Озмун сари ду касро хӯрд

Аввали моҳи апрели соли равон дар иёлоти Колорадо, дар озмуни пурхӯрон марди чилудусола вафот кард. Дар қаҳвахонаи «Voodoo Doughnut» озмуни пурхӯрон оид ба хӯрдани ширинӣ баргузор гашт ва яке аз ширкаткунандагонаш бо номи Трэвис Малафф пончикҳои бисёреро хӯрда, кафида мурд. Дӯстонаш хеле кӯшиш карданд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд, вале талошҳояшон натиҷа надод. Дар ин озмун боз як донишҷӯдухтари 22- сола ҳангоми хӯрдани чалпак нафасгир шуда, ҷон ба ҷаббор супоридааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply