• Бахтовар Сафаров
  • 18.02.2019
  • 207
  • 0

Ронандаи маст 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Суди ноҳияи Ёвон сокини ҳамин ноҳия Аскар Наботови 32-соларо дар асоси моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи чорсад нишондиҳанда, баробар ба 20 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима намудааст. Ин ҳуқуқвайронкунӣ дар таҷрибаи ронандагии Аскар Наботов бори аввал набудааст. Ӯ соли 2017 аз тарафи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо моддаи 332 қисми яки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба муҳлати 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шудааст. Аммо аз он дарси ибрат нагирифта, боз як маротиба дар асоси моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайрнкунии маъмурӣ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 10 сол маҳрум карда шудааст.
Бояд гуфт, ки вобаста ба иҷрои ҳатмии Кодексу Қонунҳои амалкунандаи кишвар дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт сабаби ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи нақлиёт ба муддати аз 5 то 10 сол мегардад. Ҳамчунин, дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт метавонад сабабгори ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани ин гуна нафарон гардад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.