• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 07.03.2019
  • 0

Рустами Эмомалӣ ба бонувон 3 миллиону 80 ҳазор сомонӣ медиҳад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи анъанаҳои шаҳрдорӣ бахшида ба Рӯзи модар ва Иди байналмилалии Наврӯз ба занону бонувоне, ки дар тозагию ободонии пойтахт саҳм доранд, туҳфаи яквақтаинаи молӣ ҷудо намуд.

Дар ин хусус қарори Раиси шаҳр ба тасвиб расида, тибқи он Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе ба андозаи 3 миллиону 82 ҳазор  сомонӣ маблағ ҷудо менамояд.

«Мақсад аз ин иқдом ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ — фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад», — илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори мазкур муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт муваззаф гардидаанд то 7 марти соли равон ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.