Рустами Эмомалӣ саҳифаи фейсбукашро худаш мехонад

ИҚТИСОД, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Аз посухҳои муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид ЗУВАЙДЗОДА зимни нишасти матбуотӣ ба пурсишҳои рӯзноманигорон

ПУРСИШ: — Сабабҳои барканории муовини раиси шаҳри Душанбе – Қурбон Саидзодаро  ду моҳи пеш  ба коррупсия ва камбудиҳои молиявӣ дар тарҳи воридоти автобусҳои нав алоқаманд расонаӣ карданд. Ҳоло баррасии қазияи ин фасод тағйир ёфтааст. Чаро?

 ПОСУХ: — Истеъфои Қурбон Саидзода аз муовинии раиси  шаҳри Душанбе ба коррупсия дар тарҳи воридоти автобусҳои нав ба пойтахти Тоҷикистон рабт надорад. Саломатии Саидзода баъди ҷарроҳии кӯррӯда (апендитсит) дучори мушкилот шуд ва ӯ ба ҳамин сабаб аз мақомаш истеъфо дод. Аз шарҳи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чунин бармеомад, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳанӯз рӯзи 24 май Қурбон Саидзодаро ба сабаби бад шудани саломатиаш аз мақоми муовини худ озод кардааст.

ПУРСИШ: — Доир ба муроҷиати гурӯҳи занон ба  шаҳрдорӣ дар бобати бадмуомилигии ҷавонон нисбат ба занон  чӣ тадбир меандешед?

ПОСУХ: — Муроҷиати гурӯҳи занонро мо дар ҳузури кормандони мақомоти қудратӣ, кумитаҳои ҷавонон, занону оила ва фаъолони шаҳр  муҳокима кардем. Қарор шуд, ки назорат дар ин бобат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳо, кӯчаю тангкӯчаҳо, назди тарабхонаҳо қатъӣ шуда, боз 2500 адад камера насб карда шаванд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ бештар гардад. Аз воситаҳои ахбори  омма даъват ба амал меорем, ки дар ин кор бо шаҳрдорӣ ҳамкориро вусъат диҳанд.

Шаҳрдории Душанбе барои баррасии шикояти гурӯҳи занон аз афзоиши озори лафзии мардон дар кӯчаҳои пойтахт ва ҳам тадбирҷӯии мақомот гурӯҳи корӣ таъсис дод. Ба ин гурӯҳ  фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи занону ҷавонон шомил буда, аз натиҷаи кори худ ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҳисобот хоҳанд дод.

ПУРСИШ: — Тақдири МТМУ № 14 чӣ мешавад? Умуман, дар соли нави таҳсил дар пойтахт барои чанд ҷойи нишаст мактабҳо сохта мешавад? 

ПОСУХ: — Ба ҷойи МТМУ №14 лоиҳаи мактаби нав мураттаб гардида, дар соли оянда муассиса барои 640 ҷой сохта мешавад. Аз буҷети шаҳри Душанбе  8404 ҷой омода шуда, се мактаб таъмири пурра мегардад. Дар маҷмӯъ, то охири сол аз ҳисоби буҷети шаҳр, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва  маъмурияти сохтмони назди Дастгоҳи Президент  дар пойтахт 19608 ҷойи нишасти хонандагон муҳайё мегардад.

ПУРСИШ: — Назари шаҳрдории Душанбе ба сарнавишти минбаъдаи  Театри Маяковский ва чойхонаи «Роҳат» чӣ гуна аст? Онҳо тибқи нақшаи  генералӣ хароб карда мешаванд?

ПОСУХ: — Ҳоло нисбат ба Театри Маяковский ва чойхонаи «Роҳат» ягон қарор қабул карда нашудааст. Ин масъаларо комиссияи давлатӣ дида мебарояд. Айни замон ҳар дуи ин муассиса фаъолият доранд. Театри Маяковский аз таъмир бароварда шуд.

ПУРСИШ: — Дар пушти саҳифаи фейсбуки раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ   меистад ё каси дигар?

ПОСУХ: — Саҳифаи фейсбуки шаҳрдории Душанберо худи раис ва ёрдамчиаш дар кабинеташон мехонанд ва супоришҳоро хаттӣ ба масъулон  медиҳанд.

ПУРСИШ: — Фаъолияти нозирони минтақавӣ дар шаҳр нигаронкунанда мебошад. Мо онҳоро қариб ки намешиносем. Шаҳрдорӣ барои пурсамар кардани фаъолияти нозирони минтақавӣ  чӣ кор карданист?

ПОСУХ: — Нозирони дигар ноҳияҳои пойтахтро бо коргоҳи хизматӣ таъмин кардаем. Ин масъала дар ноҳияи Сино ташвишовар аст: Раёсати корҳои дохилӣ, прокуратура ва суди ноҳия дар бинои мактаб ҷойгиранд. Аҳолӣ ва хонаҳо зиёд шудаанд,  нозирони минтақавӣ ҳам. Вобаста ба ин, қарори дахлдори раиси шаҳр баромад.  Бо Вазорати корҳои дохилӣ ин масъаларо ба зимма гирифтаем. Онҳоро бо ҷой, мошинҳои хизматӣ, камераҳои мушоҳидавӣ ва компютерҳо таъмин карда истодаем.

ПУРСИШ: — Доир ба мушкилоти оби нӯшокӣ ба КВД «Обу корези Душанбе» ё ба навбатдори  шаҳрдорӣ муроҷиат мекунем, ҳеҷ ки ҳалли худро ёбад.

ПОСУХ: — Истеҳсоли оби нӯшокӣ барои аҳолии Душанбе дар як шабонарӯз 350 ҳазор куб муқаррар гардидааст. Мо бошем, беш аз 870 ҳазор куб истеҳсол мекунем ва 1 куби онро  60 дирамӣ мефурӯшем (ҳол он ки барои истеҳсоли 1 куби об 1 сомонию 20 дирам харҷ менамоем). Ду насос доим кор мекунад. Насли сеюми насосҳоро ба кор даровардем.

Чаро об намерасад? Чунки аҳолӣ обро сарфакорона истифода намебарад. Ҳавлиҳоро об мезанем, қубурҳоро кушода монда, тарбузу харбуза хунук мекунем, дарахт об медиҳем, дар ванна обро кушода мемонем, ҳамсояро фикр  намекунем. Барои 194 ҳазор муштарӣ 98 ҳазор обҳисобкунак  шинондем. Ҳоло бо Бонки умумиҷаҳонӣ кор карда истодаем. Як минтақаи осебпазир минтақаи Ховарон аст. Бонки рушди Осиё барои лоиҳаи нав 41,2 млн. грант ҷудо мекунад, то соли оянда минтақаи мазкурро бо об таъмин  мекунем.Истеҳсоли об имрӯз 100 фоиз аст. Барои ҳар як одам 360 литр аст, аммо 870 литр сарф мешавад.

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply