• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 05.09.2018
  • 0

Сӯхтори мошин ва марги ду нафар дар шоҳроҳ

Шаби 4 сентябр  дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок  сӯхтори мошине,ки  30 тонна мводи сӯхт дошт, ба қайд гирифта шуд, Дар ин ҳодиса  ду нафар ба ҳалокат расида, мошини боркашони тамғаи “DAF” пурра сӯхтааст. Роҳ тақрибан ду соат баста буд. Тавре,ки Далери Абдулло, сухангӯи IRS, ба сомонаи “Тоҷикистон таймс” гуфт, сӯхтор ва ҳалокати ду нафар дар натиҷаи ба садама дучор шудани мошини сӯзишворикашон рух додааст. “Дар ин сдама ва сӯхтор  ронандаи мошин ва як ҳамроҳаш, ки ҳарду  сокини шаҳри Леваканд мебошанд, ба ҳалокат расиданд”, -гуфт  ӯ. ”Вақте,ки ин ҳодса рух дод, кормандони ширкати мо  ба ҷойи ҳодиса расида, оташро хомӯш карданд, вале натавонистанд зуд ронандаву мусофирро аз мошин берун биоваранд” мегуяд  Далери Абдулло . Ба гуфти ӯ,  мошин моликияти  ронанда буда, ба ширкатҳои фурӯши бензин дар кишвар мансуб нест.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner