Сӯҳроб Қосимов дар дарёи Панҷ ғарқ шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шанбеи 13-уми октябр дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст.

Сӯҳроб Қосимов рутбаи капитан дошта, сардори яке аз дидбонгоҳи сарҳадии қисми низомии 0307 дар ноҳияи Ҳамадонӣ буд.

Як манбаъ ба расонаҳо гуфтааст,ки замоне хабар мерасад, ки марзшиканҳо мехоҳанд марзро убур кунанд, Қосимов барои назорат ба марз меравад. Инчунин ҳамроҳи Суҳроб Қосимов, сарбози қатори Худойдод Худойдодов будааст. Ҳангоми назорат дар марз мехоҳанд як шохобро убур намоянд, ки сардори дидбонгоҳ ғарқ мешавад. Сарбоз кӯшиши баровардани афсарро мекунад, аммо бинобар сардӣ ба ин кор муваффақ намешавад. Ба сарбозон хабар мерасонад, вале то омадани имдодгорон, афсар ба ҳалокат мерасад.

Ҷасади Суҳроб Қосимови 27-сола баъди ташхис ба зодгоҳаш деҳаи Матоиби ҷамоати Унчии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурда шуд. Вале сарбоз Худойдод Худойдодов дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ карда шуд ва ҳоло ба худ омадааст. Ин сарбоз як сол пеш аз Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан ба хизмат ҷалб шуда будаас


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Сӯҳроб Қосимов дар дарёи Панҷ ғарқ шуд

Leave a Reply