Садамаву марг, дуздӣ ва дигар хабарҳои имрӯзаи ВКД

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳалокати ду мусофир дар садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 2-юми ноябри соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шерданқулов Аскарбек Элмуродович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён”, дар ҳудуди деҳаи Ленинград аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда, Сайдуллоев Эмомалӣ Бегиҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Сайдуллоева Ҳарамбӣ Ҷонибековна, соли таваллудаш 1964, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 2-юми ноябри соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело”, Алиев Сафар Меҳмонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ноҳияи Вахш аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Анақулов Даврон Алимардонович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело” Шерапиддинов Низомиддин Раҳмонбердиевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело” Алиев С.М. ва мусофираш, Тоҷиев Аслан, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Дуздии 5-сар чорвои сокини деҳаи Сафедтундак

Ба РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт марди 59-солаи сокини деҳаи Сафедтундаки ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 11 ба 12-уми октябри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонааш шуда, аз он ҷо 5-сар чорвои калони шохдор, ки арзишашон 17000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 24-солаи сокинони ноҳияи мазкур бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо роҳи фиреб гирифтани маблағ ва автомашина

Кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37-солаи сокини шаҳри Ҳисор, соҳибкори инфиродиро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Номбурда, санаи 15-уми феврали соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини шаҳри Ҳисор, даромада аз ӯ 25000-доллари амрикоӣ ва як адад автомашинаи тамғаи “Фолксваген”, ки арзишаш 18000-доллари амрикоӣ мебошад, ҷамъ ба маблағи 43000-доллари амрикоиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply