• Mardon
  • 11.04.2019
  • 0

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ба таъхир афтод

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд ба муддати дигар гузаронда шудааст. Интизор мерафт, Президенти Тоҷикистон рӯзи 12 апрел дар шаҳри Тошканд дар мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кунад.

Дар ин бора хабаргузории Азия-Плюс хабар додааст.

Таърихи ин мулоқот аз тариқи каналҳои дипломатӣ мушаххас хоҳад шуд.

Нахустин нишасти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 15 марти соли гузашта дар шаҳри Остона (ҳоло Нурсултон) баргузор шуда буд.

Дар ин нишаст раисони ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси парлумони Туркманистон Акҷа Нурбердиева ширкат карда буданд.

Дар нишасти Остона Шавкат Мирзиёев аз ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват карда буд, ки дар нишасти машваратии дуюм дар шаҳри Тошканд ширкат кунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner