Сафари шашрӯзаи Президент ба Суғд

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари шашрӯза ба вилояти Суғд меравад.

Дар ин сафари худ ӯ  аз чор шаҳру ноҳияи ин вилоят дидан мекунад.Президент  дар  вақти сафар аз ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва шаҳрҳои Истаравшану Конибодом боздид хоҳад кард. мекунад. Сафари Президент  ба вилояти Суғд 23 июн оғоз гардида, то 28 июн идома мекунад. Мақсади асосии  сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд иштирок дар ҷашни Ваҳдат аст, ки рӯзи  27 июн дар шаҳри Конибодом баргузор мешавад. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон чандин иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.Омодагӣ ба ҷашни Ваҳдат дар шаҳри Конибодом ҳанӯз ду моҳ пеш  шуруъ шуда буд. Тоҷикистон имсол аз 21-уми солгарди имзои Созишномаи сулҳ ё ҷашни Ваҳдат истиқбол мекунад.Шаҳри Конибодом имсол  ба ҳайси минтақаи мизбони ҷашни Ваҳдати ҷумҳуриявӣ интихоб гардидааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Сафари шашрӯзаи Президент ба Суғд

  • Худо хохад Вахдат дар Конибодом оли мегузарад!!!

Leave a Reply