Сафири Фаронса дар “Тоҷикистон” (Видео)

Видео, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Чанд дақиқа пеш дар маҷлисгоҳи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нишасти матбуотии сафири Фаронса дар Тоҷикистон,  хонум  Ясмин Гуедар хотима ёфт.

   Дар ин нишаст,ки асосан ба баргузории “Ҳафтаи Фаронса дар Тоҷикистон” бахшида шуда буд, сафир дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар ва баргузории  ин чорабинӣ сухан ронд. Хонум Гуедар оид ба он чорбиниҳое ,ки дар чаҳорчӯбаи “Ҳафта” баргузор мегарданд, маълумоти муфассал дода, изҳор намуд,ки ин маърака аз 17 то 22 сентябр баргузор хоҳад гардид. Тавре,ки ӯ маълумот дод, дар давоми ин ҳафта чорабиниҳои фарҳангӣ дар сафоратхонаи ин кишвар, “Тоҷикфилм”, бинои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Чойхонаи “Роҳат” , Донишгоҳи омӯзгории ба номи  Айнӣ баргузор хоҳанд шуд. Ҳамчунин, хонум Гуедар ба саволҳои хабарнигорон ҷавоби муфассал дод,ки матни пурраи онро бо гузриши видеоӣ  дар сомонаи “Тоҷикистон таймс” дида метавонед.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply