Саидзода ба музокирот бо Толибон меравад

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Тоҷикистонро дар музокироти сулҳ бо Толибон дар Маскав муовини вазири корҳои  хориҷа Зоҳир Саидзода намояндагӣ мекунад.

Дар ин бора як узви ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст. Нишаст қарор аст имрӯз, 9 ноябр дар Маскав ва таҳти раҳбарии вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баргузор шавад.Дар ҳамин ҳол, як мақоми ҳукумати Амрико гуфт, ки дар ин нишаст танҳо намояндагони сафоратхонаи ин кишвар дар Маскав ба ҳайси нозир ширкат мекунанд. Муовини сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Роберт Палладино дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон дар ин бора гуфт:“ИМА ба ин бовар аст, ки ҳамаи кишварҳо бояд аз муколамаи мустақими миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ба хотири хатми ҷанг пуштибонӣ кунанд. Мо рӯшан гуфтаем, ки ҳеҷ ҳукумате, аз ҷумла Русия, наметавонад ҷойгузини музокироти мустақими ҳукумати Афғонистон ва Толибон бошад. Дар робита бо намоядаи Амрико, метавонам бигӯям, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Афғонистон, сафорати ИМА дар Маскав як намояндаашро дар сатҳи нозир ба ин нишаст сафарбар кунад. ИМА омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳо ба хотири мусоидат дар ҷараёни сулҳ аст».Русия барои ширкат дар ин нишаст, ки қарор аст бо ширкати панҷ узви Толибон дар дафтари сиёсии Қатар барпо шавад, муовинони вазирони хориҷаи 12 кишвар, аз ҷумла, Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА даъват кардааст.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply