• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 10.01.2019
  • 0

Самиев ба Ватан баргашт

Солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро дар як муддати кӯтоҳ паси сар намуда, хисороти вориднамудаи онро тадриҷан барқарор намуд.

Мутаассифона, афроде низ ҳастанд, ки ин дастоварду бунёдкориҳои кишварамонро таҳаммул карда натавониста, бо ҳар роҳу восита оромии ҷомеаро халалдор менамоянд.
Яке аз роҳҳои таъсири манфӣ расониданӣ бадхоҳон ба оромии рӯзгорӣ мо ҷалб намудани иддае аз шаҳрвандони гумроҳгашта мебошад. Пешвоёни ҳизби мамнуъи ТЭТ ҲНИ тавассути хоҷагони хориҷиашон ба хотири ғаразҳои хеш тавонистанд тухми кинаву адоват, инсонбадбинӣ, қатлу куштори бераҳмонаро роҳандозӣ сохта, чандин нафаронро ба доми худ кашанд. Вақт муайян намуд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ бештари ин гумроҳгаштагонро дар нимароҳ монда, думболи фасоду фитна дар хориҷӣ кишвар қарор доранд.
Ба ин хотир, имрӯз ба андешаи нафароне рӯ ба рӯ мешавем, ки замоне аз муҳраҳои калидӣ дар ин ҳизби экстремистӣ- террористӣ қарор дошта, пушаймон аз кардаҳои худ, бо тавбаю надомат ба Ватан баргашта, назди волидон ва ҳамдеҳагон изҳори пушаймонӣ менамоянд.
Чунин як нафар пушаймонгашта собиқ раиси ТЭТ ҲНИ дар вилояти Суғд, Самиев Наим Абӯбакрович (санаи таваллудаш 24-уми майи соли 1962, сокини шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, маҳаллаи Ҷангалак) мебошад. Номбурда қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористӣ дошта, дар кофтукови расмӣ қарор дошта, санаи 3-юми декабри соли 2018 аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо хоҳиши худаш ҳамчун нафари пушаймонгашта ба шаҳри Душанбе омад ва худро ба мақомоти қудратӣ таслим намуд. Дар рафти тафтишот ӯ ба мақомот, ҳақиқати ҳолро баён дошт. Айни замон мавсуф дар баёноти худ аз кардаҳои хеш изҳори пушаймонӣ намуда, онҳоеро, ки ӯро ба ин амали ҷиноӣ ҷалб намудаанд, мавриди танқид қарор додааст.
То имрӯз чандин нафар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ ихтиёран ба Ватан баргашта истодаанд. Бояд ёдовар шуд, ки собиқ раиси ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Турсунзода Баротов низ аз зумраи чунин нафарони пушаймонгашта мебошад. Ӯ низ зикр намуд, ки барои баргаштан ба Тоҷикистон, касе маҷбураш накардааст ва ин тасмими ихтиёрии худи ӯст. Хулоса, ин раванд идома дорад ва чунин менамояд, ки дар ин охир роҳбарони Ташкилоти экстремистӣ- террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо аҳли оила ва лагандбардоронашон танҳо мемонанд ва оқибат хоҷагонашон ҳам аз садақаталабии онҳо ба ҷон расида, барканорашон месозанд.

Хуршеди Абдуқаҳор,

сокини шаҳри Хуҷанд

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.