Саймумин Ятимов аз Ихтиёр  Абдуллоев истиқбол кард

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳайати Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси хадамот Ихтиёр Абдуллоев  бо сафари корӣ субҳи  имрӯз ба Душанбе омаданд. Меҳмононро дар  Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе  роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарварии раиси Кумита Саймумин Ятимов пешвоз гирифтанд.

Дар назар аст, ки гуфтушуниди роҳбарони  хадамоти махсуси ҳарду ҳамсоякишвар дар масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубодилаи иттилоот, тақвияти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ сурат гирад ва ҳамчунин Созишномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо шавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки меҳмонон зимни сафари мазкур бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос мешаванд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply