Сайри бозори асъор

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 15 май  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.9544 сомонӣ, 1 евро = 10.7345  сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1452 сомонӣ.

Имрӯз, 15 май қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.9700 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.6900  то 10.7000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз  0.1450 то  0,1455 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо  анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта,   боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply