• Бахтовар Сафаров
  • 22.02.2019
  • 217
  • 0

Се мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар моҳи март

Марҳалаи якуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол дар байни бонувон-ҷавондухтарони аз 16-сола боло дар шаҳру ноҳияҳо ва марҳалаи финалии он рӯзҳои 3-7 март дар шаҳри Бохтар доир мегардад. Дар шаҳри Кӯлоб бошад, 9-10 март мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ ва вазнбардорӣ миёни варзишгарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд барпо мегардад. 21-22 март мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни калонсолон дар шаҳри Норак пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмӯъ, давоми семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 5 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи риштаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки баргузории ин чорабиниҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе, Бохтар, Норак ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар назар аст. Зимни баргузории ин мусобиқаҳо беҳтарин варзашгарони кишвар дар навъҳои мухталифи варзиш қувваю маҳорати худро месанҷанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.