Се талоқ барои як шапалоқ?!

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар умрам ба ҳамсарам ягон гапи сахт нагуфта будам. Як рӯз аз сабаби бепарвоии модараш писарчаи яксолаам аз зинапоя афтиду сари қаҳр занамро як шаппотӣ задам.

Дарҳол қаҳр карду бачаашро гирифта баромада рафт. Модарам ҳарчанд кӯшиш карда бошад ҳам, келини эркаашро аз роҳ гардонда натавонист. Гумон доштам, ки баъди як-ду рӯз пушаймон шуда ба хона бармегардад, аммо аз байн як ҳафта гузашту аз занам дарак нашуд. Ғуруру номусро пушти по зада ба хонаи хусурам рафтам, то ки зану фарзандамро гирифта биёрам. Падарарӯсам ба ҷойи моро шинонда насиҳат кардан аз гиребонам гирифта дод зад: “Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки духтари маро мезанӣ?!” Мехостам сабаби ҷанҷоламонро фаҳмонам, аммо додарҳои занам маро зери лагад гирифта, куртаамро дар танам пора-пора карданд. Ҳамсарам аввал аз дур ин манзараро хуб тамошо карду баъд ба ман часпид, ки ҷавобамро деҳ, ман дигар бо ту зиндагӣ намекунам. Базӯр худамро ба даст гирифтам ва чизе нагуфта бо сару рӯйи пурхун ва либосҳои даридагӣ ба хона баргаштам. Зӯрию пешхезӣ гуфтагӣ барин, чанд рӯз маро ба суд ҷеғ заданд. Занам аз балоям аризаи шикоятӣ навишта, хоҳиш кардааст, ки никоҳи моро бекор намоянд. Новобаста ба ҳама гапу кори шуда гузашта ман ҷавоби занамро доданӣ набудам, вале ӯ тақдири кӯдаки дасташро накарда, дар пеши ҳама аз гиребонам гирифт, ки мард бошӣ, талоқи маро медиҳӣ. Ночор ҷавобашро додам. Дилам барои писарчаам гум мезанад, вале модару бобояш намемонанд, ки ман фарзандамро бубинам.

Хонандагони азиз! Шояд ман гунаҳгор бошам, вале мақсадам талоқ додан набуд, танҳо хатогии занамро фаҳмониданӣ буд, аммо…

Саттор, н. Ҷалолиддини Румӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

7 комментарий

  • Чунин ҳодиса бо ман низ рух дода буд… Занамро хеле дуст медоштам, аммо ӯ нозу нузҳое мекард… Падараш, ки корманди ГАИ буд, барои андак гурехтани гапамон хона омада духтарашро фармон медод, ки либосҳояшро ҷамъ кунад ва уро бо худ мебурд. Хушдоманам бошад саги тап тайёр буд, кораш фақат ҷақидану лақидан буд. Се сол бо ман чуни маймунбозб карданд, ки дар иин муддат аллакай соҳиби духтарчаи таннозе будам. Хуллас, падару модари ҷоҳили занам маро аз фарзандам зиндаҷудо карданд. Ҳеҷ намехостам, ки ҷавобашро диҳам, аммо онҳо маро маҷбур ккарданд, то калимаи талоқро бар забон орам. Он руз бароям хеле рузи сахту вазнин буд, ҳатто духтарчаамро ба ман нишон надоданд ва аз назди аэропорт то Чимтеппа пойи пиёда ва бо ашки шашқатор ба хона рафтам. Аҳволамро падару модарам дида баробарам хуб гиристанд… Он шоми тору сияҳ то чанд лаҳзае ашк рехтаму аз Худованд илтиҷо кардам, то соҳиббахтам кунад… Гуиё Худованд оҳам шунид, ки баъд аз як ҳафта духтари табъи диламро пайдо кардаму туй шудем ва рузи туй бародарони арусам хонаи дуҳуҷрагиро бароямон дар маркази шаҳр тақдим карданд, туй дар тарабхонаи бошукуҳе баргузор гардид, ҳофизони номӣ хизмат карданд. Ҳафтае як маротиба рафта аз аҳволи духтарҷонам хабар мегирам, ба ман меҳр дорад ва уро аз ҷон ҳам дусттар медорам. Худоро шукргузорам…

  • Бародари азиз Худо ҳама бандаашро тавфиқ диҳад ин зани шумо хело мағрур будааст ва аз аҳкоми дин бехабар мондааст вой бар ҳолаш!

  • Салом бародар рости Аслан хамин коре дар сари ту омад аз сари ман гузаштааст манхам чавобашро додам писар дорам холо кариб 4 сол мешавад ки хусуру хуштомани пешинам писарамро аз ман пинхон мекунанд то ки ман набинам лекин ман бо хар роху восита аз холи писарам хабар мегирам яьне мебинам писарамро шукри Аллох .Бо сабр бош сари зулфи ин нашуд аз дигараш хуб гард ков аз Инда бехтарша меёби саросема нашав Боки дар панохи Аллох!

  • Худованд бузург хаст худаш хамаи чизро хал мекунад. Худочон чи орзуву хавасе доред расед

  • бародар зик нашав духтар кам нестай холи худованд 1тоне 10 дона зан мнгири зик нашав хама да пеш аст зиндаги холи у беномус изо мекашад ай кори карагиш

  • Бародарон! Мардхои азиз! Чаро аксарияти шумоён барои афтидани кудак, бемор шудани у, ягон чиро шикастанаш албатта модари уро гунахкор карда, зери лату куб мегиред??? Боз худо нокарда, агар кудак дар хонаи хусуру хушдоманатон афтад, ё бемор шавад! Кудак бо афтодану хестанхо, беморию сихати ба воя мерасад. Дар ин холатхо модарро танбех додан нашояд, зеро худи у хам аз ин хол на камтар аз шумо гусса мехурад. Задани шумо «болои сухта-намакоб» намешавад магар? «аз аҳкоми дин бехабар» будан магар ин аст, ки бо афтидани кудак модари уро шапалокшап куни? Ба Худою Расул бовар дошта бошед, фикр намекунад, ки хамаи ин бо ризогии худованд ба амал меояд ва дар насиб ин афтидану хестанхо будааст? Боки, казоват аз Шумоён аст.

  • «сари қаҳр занамро як шаппотӣ задам.» Сари кахр ту задию у сари кахр баромада рафт ва бародаронаш сари кахр туро заданд… Моро ана хамин кахрхо ва гурурхои нозарурамон нобуд месозад. Одам сари кахр бояд ягон кароре кабул накунад. Зеро ба карори дуруст (дар он холати асабоният) омадан гайриимкон аст.

Leave a Reply