Шӯрӯъ аз имрӯз ҳаво номусоид мегардад

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Шурӯъ аз имрӯз то 14 сентябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 м борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳарорати рӯзона то 8 дараҷа паст гашта, вазиши шамол аз самти ғарб то  ба 20-25 метр дар сония мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3500 м боридани барфи  тар дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +10 +15 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +29+31 дараҷа гарм мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply