“Шӯриши” кӯчарӯбҳои Маскав

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Як муҳоҷири ҷавони тоҷик, ки дар шаҳри Маскав бо талаби пардохти маоши ҳамватанҳояш ба таври пурэҳсос садо баланд мекунад, ба як қаҳрамони матбуоти Русия табдил ёфт.

Ин ҷавон, аз ӯ Анзор ном мебаранд, дар видеои ТВ «Дождь” хитоб ба корфармоёнаш бо забони тоҷикӣ талаб мегузорад, ки «Ҳаққи мардума те!”

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии «Дождь”, рӯзи 11 апрел кормандони корхонаи давлатии «Жилищник” дар минтақаи Медведковои шаҳри Маскав дар назди дафтари ин корхона гирди ҳам омада, маоши худро талаб карданд.

Онҳо мегӯянд, ки масъулони корхона муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро ҳар рӯз то 16 соат кор мефармоянд, вале болои ин, маоши онҳоро баъди иваз шудани роҳбарияти «Жилищник” қариб ду баробар кам кардаанд. Ба муҳоҷирон, ки дар ин корхона асосан ба роҳрӯбӣ ва тозаву кабудизор кардани кӯчаҳо машғуланд, аз ҷумла 10000 рубл мукофоти ҳармоҳаро надодаанд.

Дар байни эътирозгарон як нафари аз ҳама фаъол ҷавони тоҷике буд, ки бо забони тоҷикӣ аз корфармоёнаш талаб мекард ки: «Ҳаққи мардума те!” Ин ҷавон, ки хабарнигор ӯро Анзор ном бурд, чунон пурэҳсос ҳарф мезад, ки ҳамватанҳояш ҳатто ӯро нигоҳ медоштанд, то ки аз гиребони корфармо нагирад.

Муовини раиси управаи Медведково бо эътирозгарон мулоқот кард ва ваъда дод, ки ба шикоятҳояшон расидагӣ хоҳад шуд. Ба ҷои ҳодиса кормандони пулис низ фиристода шуданд, ки тартиботро риоя кунанд. Бино ба охирин хабарҳо, бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии пулиси маҳаллӣ низ ба тафтиши шикоятҳои муҳоҷирони роҳрӯб шурӯъ кардааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply