• Бахтовар Сафаров
  • 01.05.2019
  • 0

Шӯрои уламо: Фитри рӯза 5 сомонӣ

Имрӯз, 1 май, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон оғози моҳи шарифи Рамазонро дар Тоҷикистон 6 май муқаррар кард.

Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз тақвимҳое, ки то имрӯз дар бозорҳои кишвар фурӯхта мешаванд, санаи оғози моҳи Рамазон 5 май нишон дода шудаст. 

Имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол мусалмонони кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд, хабар медиҳад Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шудааст.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Рӯзи иди Рамазон баъд аз супурдани фитри рӯза ва адои намози идона, мардум ба зиёрати хешовандону наздикон ва иддае барои фотеҳахонӣ сари мадфани гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона густурда шуда, кӯдакон низ бо табрикот ба хонаҳо мераванд ва ба онҳо дастовезҳои идона дода мешавад. Мутобиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner