• Бахтовар Сафаров
  • 09.05.2019
  • 0

«Шараф»-ҳои ҷанговари бошараф

Замони шурӯъ шудани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Абдуллоҷон ҳамагӣ 16 сол дошт ва бо орзую ҳавасҳои ҷавонӣ зиндагӣ мекард.  Дар вақти аҳдшиканона ҳамла кардани Олмони  фашистӣ ба Иттифоқи Шӯравӣ ду бародари ӯ дар сафи Армияи сурх хизмат мекарданд…

Вақте ӯ ин хабари мудҳишро аз радио шунид, бо ариза ба комиссариати ҳарбии шаҳри Фарғона муроҷиат намуд, аммо посухи рад гирифт. «Ду бародари ту дар фронт ҳастанд, ту сабр кун, вақташ ояд даъват мекунем», — гуфтанд ба ӯ.

Аммо ӯ беқарор буд ва мехост ҳар чӣ зудтар ба муқобили душман барояд ва дар як сангар бо бародаронаш бошад. Падар ин хоҳиши ӯро ба назар гирифта, ба ӯ иҷозат дод, то ки ба фронт равад. Ҳамин тариқ, соли 1942 ӯ ба сафи Армияи сурх пайваст.

Баъди гирифтани дарсҳои низомӣ ва машқҳои ҳарбӣ ӯ ба сифати тирандоз ба дивизияи тирандозӣ фиристода шуд ва  дар  муҳорибаҳои пуршиддати вилояти Каленин иштирок намуд.  Мутаассифона, моҳи ноябри соли 1942 ярадор шуд ва дар госпиатал бистарӣ гардид.

Баъди шифо ёфтан, моҳи апрели соли 1943 ба гвардияи тирандози рақами 8-и дивизияи рақами 115 фиристода шуд ва дар ҷангҳои пуршиддати вилояти Смоленск иштирок намуда, аввалин мукофот — Ордени «Мужество»-ро соҳиб шуд. 19 июни соли 1944 бошад, вилояти Каленин аз фашистон озод карда шуд ва ӯро ҳамчун сарбози шуҷоъ бо ордени «Шараф» дараҷаи III сарфароз гардониданд.

«Дар ҷанг сарнавишти инсон пешгӯинашванда аст. Ҳар лаҳза, ҳар дақиқа инсон метавонад ҳадафи тири душман қарор бигирад ва бо ҷаҳони фонӣ падруд гӯяд, аммо хоҳиши ғалаба ва озод кардани марзу бум, ба ҷанговар неру мебахшад», — мегӯяд бобои Абдуллоҷон.

Зеро ӯ соли 1944 бори дуюм ярадор шуда, бо марг бори дигар дастбагиребон шудааст.  

Он замон ӯ дар Беларус меҷангид. Зимни озод кардани шаҳри Красная дар наздикии ӯ таркиш ба амал омад ва пораи «осколка» ба сари ӯ расид. Ӯ мадҳуш шуда, се рӯз дар зери тиру туфанг, дар майдон монд. Баъди се рӯз аз тарафи аскарони сурх ба госпитали Наро-Фомински вилояти Москва интиқол ёфта, ҷон ба саломат бурд, гарчанде ҳоли харобе дошт. Ӯ барои муваффақиятҳои ҷангӣ ва ярадор шудан дар ин муҳориба бо  Ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардонида шуд.

…Ғалабаро Абдуллоҷон дар шаҳри Прага- пойтахти Чехословакия пешвоз гирифт. Он рӯз сари синаи ӯро Ордени «Шараф» дараҷаи I зеб медод…  

Баъди Ғалаба, моҳи ноябри соли 1945, Абдуллоҷон Саримсоқов бо сари баланд ба шаҳри Фарғона баргашт ва фаҳмид, ки аз ду бародараш «хати сиёҳ» гирифтаанд.

Барои сабук шудани дарду доғи ду бародар ӯ соли 1946 хонаи падариро тарк карда, ба Тоҷикистон омад ва дар ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷ. Румӣ)  маскан гирифта, барои ободии водии Вахш саҳмгузор шуд.

Абдуллоҷон аз субҳ то шом дар майдони пахтазор заҳмат мекашад, муддате дар курси бухгалтерӣ таҳсил намуда, солҳои дароз ҳисобчии колхоз шуда кор кард. Маҳз дар ҳамин ҷо ӯ оиладор шуд ва  се бародару модарашро низ кӯчонида овард ва онҳо низ дар баробари ӯ  ба ободии водии Вахш саҳм гирфитанд.

Солҳои шастум Абдуллоҷон Саримсоқов ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳаминҷо муқим шуда монд. Дар фабрикаи мебелбарорӣ ба кор даромада, то синни нафақа дар он ҷо фаъолият кард.

Баъди нафақа  аз ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) 1 га замини бекорхобидаи санглохро ба иҷора гирифта, бо заҳмат ба як сермева табдил дод ва то синни 90-солагӣ каландро аз даст намонда, кор мекард…

Ҳоло синни бобои Абдуллоҷон ба сад расида, ӯ намунаи ибрати фарзандону наберагон аст.  5 фарзанди бообрӯ, 20 набера ва 45 абераву 2 чабера ӯро иҳота кардаву боифтихор нақлҳояшро аз рӯзҳои ҷанг мешунаванд…

Тоҳир Оқилов,

ш. Душанбе

АЗ ИДОРА: Вақте ин матлаб омодаи чоп мешуд, хабар расид, ки қаҳрамони ин матлаб, иштирокчии ҶБВ Абдуллоҷон Саримсоқов дар синни 100-солагӣ аз дунё гузаштаанд. Ба пайвандони эшон сабри ҷамил таманно мекунем. Номи чунин бузургмардон ҷовидон аст, зеро ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад… 

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner