• Mardon
  • 03.04.2019
  • 7

Шариф Раҳимзода: Андоз дар Тоҷикистон баланд аст

Як мақоми Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки мизони андоз дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтар аст.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дар як суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Тоҷикистон”  далели ин амрро шарҳ дода ва гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, назири Ӯзбекистону Қазоқистон захираҳои зиёди табиӣ доранд.  

“Ҳатто Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ба ҳар сари аҳолӣ аз мо дида 60% зиёдмебошад, зеро он заминҳои зиёд дорад. Тоҷикистон агар чунин захираҳоро медошт,зарурияти дар ин сатҳ нигоҳ доштани меъёри андоз намешуд ва буҷети кишвар аз ҳисоби даромадҳо ташаккул меёфт. Бинобар ин, ҳама чиз ба имкониятҳои молиявии кишвар иртибот мегирад”-таъкид кард Раҳимзода.

Ӯ дар ин замина ба таҷрибаи кишварҳои пешравфтаи Аврупо ишора карда ва гуфт, низоми андоз, андозбандӣ ва Кодекси андоз дар тамоми ҷаҳон пайваста мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Вай афзуд: “Ман  дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Аврупо кору зиндагӣ доштам. Вақте ки дар Белгия фаъолият мекардем, аз ҷумла низоми андозбандии онро омӯхтем. Дар он ҷо меъёрҳои андозситонӣ хеле баланданд. Меъёри андоз аз даромад то 50% ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ то 24% аст. Агар сатҳи даромад зиёд бошад, он боз ҳам баландтар мешавад”.

 Шариф Раҳимзода гуфт, ки “меъёри ситонидани андоз вобаста ба нақша ва имкониятҳои молиявии ҳар кишвар аст. Агар дар кишвар ҳама манбаъҳои андозбандишаванда фаро гирифта шуда бошанд, яъне ҳама дар доираи қонун андозҳоро супоранду ҳукумат ҳамаи ин маблағҳоро барои пешрафти ҷомеа ва иқтисод сарф кунад,  паст кардани меъёри андоз боиси кам шудани даромадҳои буҷет мегардад. Дар чунин ҳолат ҳукумат маҷбур мешавад, ки маошу нафақа ва хароҷотҳои дигари аз буҷет пардохтшавандаро кам кунад. Албатта, ба ин касе розӣ нест”.

Зимнан, дар феҳристи байналмилалии Рaying Taxes – 2019 дар ростои баландии мизони андоз дар зинаи 9 ҷой гирифта ва маҷмӯъи умумии андозҳо 67,3 дарсадро ташкил додааст.

Дар муқоиса бо Тоҷикистон мизони андоз дар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон (29 фоиз), Қазоқистон (29,4 фоиз), Ӯзбекистон (32,1 фоиз) ва Русия (46,3 фоиз) хеле кам аст. Дар феҳристи мазкур маълумот дар бораи системи андозбандӣ дар Туркманистон вуҷуд надорад.

Дар ин феҳрист мизони баландтарини андоз дар кишварҳои африқоӣ, Аргентина (106 фоиз) ва Ҷазираҳои Комор (219,6 фоиз) нишон дода шудааст.

Тибқи феҳристи мазкур Бруней (8 фоиз), Гурҷистон (9,9 фоиз), Қатар (11,3 фоиз) ва Кувайту Македония (13 фоизӣ) аз кишварҳои бо камтарин мизони андозбандӣ маҳсуб мешаванд.

 Тадқиқоти Paying Taxes дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ анҷом шуда ва ҳангоми муқоисаи мизони андозбандӣ дар кишварҳои ҷаҳон нишондодҳои мизони умумии андоз, вақт ва шумори андозсупорандагон ба эътибор гирифта мешавад.

Тафсилоти  бештари суҳбатро  дар масоили бонкдорӣ, низоми савдо, андозу андозбандӣ ва дигар муаммоҳое, ки имрӯз ҷомеаро гиребонгир шудааст бо Шариф Раҳимзода дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Рустам:

    Дуруст аст ки дар Точикистон меъёри андоз баланд аст. Сохибкорон ин чо кор карда наметавонанд. Хар лахза макомоти назорати ба онхо фишор меранд.

  • Sudais:

    На танхо дар Осиёи Марказӣ балки дар байни тамоми давлатхои бывший ссср андози мо баландатарин аст,вале аз хама маошу,нафака ва стипендияи пастаринро дар байни давлатхои бывший ссср мо мегирем.
    Сабаб хамин ки дар кишвари мо тамоми намуди саноат мурда аст.

  • Нурик:

    Чандин маротиба созмонхои хоричи аз макомоти Точикистон талаб карданд ки андозро паст кунанд то сохибкорон кори худро дуруст пеш баранд. Аммо ба касе гуе ин садо нарасида бошад.

  • Anonymous:

    Хм…мо захираи табии надорем?

  • Фаррух Абдуллоев:

    Чаноби Рахим Шарифзода замоне,ки аз Бонки Милли ба дигар вазифа рафтед бекурбшави асьори Милли сар шуд то ба хол халли худро наефтааст….. Дар маслаи андозбанди Точикистон гап нест….. Бо таври афтамати сохибкорхо патофта ба дигар давлатхо рафтаи сто дандонош

  • Собит:

    Ин Раис гуфтанд ки аз давлатхои хамсоя андози мо бештар хаст барои чи барои онки ин давлатхо базеашон захирахои табии мисол; нафт газ ва Дигар канданихои фоиданок,хайр Киргизхо замини мул доштиян ТЧ бо Белгия мукоиса кард унча инхел унхел гуфт. Сингапур чи? хама медонад чи буду чихел дар давоми 20, 25 сол яке аз бойтарин давлат шуд.

  • Азим:

    Бозори асьор бисер нигаронкунанда аст. Имруз вакте рубли руси майда кардам, дар ориенбонк як нарх асту дар амонатбонк нархи дигар. Доллар ку тамоман нест. Назорат нест. Мо ба кучо равонем?

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner