Шавҳарам писарамро кушт!

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом хонандагони сомонаи дӯстдоштаам “tajikistantimes.tj”. Ман як зани дар дуроҳаи зиндагӣ зору ҳайронмонда ягон маслиҳатгар наёфта, қарор додам, ки ба газета муроҷиат карда маслиҳат бипурсам.
Оиладор ва модари ду фарзандам. Фарзанди калониам сесолаву хурдӣ яксола аст. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, оиладор шудаем. Ҷовидон пеш аз хонадоршавӣ чунон ба ман меҳру муҳаббат дошт, ки одами дидагӣ гумон мекард Маҷнуни ҳақиқӣ аст. Намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки баъди тӯй Маҷнуни сонӣ пӯстинашро чаппа пӯшид. Тӯли чор соли хонадорӣ аз дасти марди дӯстдоштаам чунон ранҷу азобҳое кашидаам, ки ҳисоб надорад. Шавҳарам қариб ҳар рӯз бо ягон баҳона маро зери мушту лагад гирифта, чунон бераҳмона мезанад, ки дар баданам ягон ҷойи обод намемонад. Се бор дастамро зада шикаст. Падари фарзандонам аз зумраи мардони кӯчахандони хонагирён аст. Вай бо бегонаҳо чунон меҳрубонона рафтор мекунад, ки одами дидагӣ ин мардак фаришта будааст гӯён, ҳавас мебарад, вале ҳамин, ки аз дари хона даромад, гӯё бало ҳамроҳаш медаромада бошад, якбора ба деви сиёҳ табдил ёфта, маро футбол мекунад. Дар батнам тифли чормоҳа доштам. Ба ҳомиладор буданам нигоҳ накарда, шавҳарам мисли қассобе, ки гӯшти говро бо табар майда-майда мекунад, тамоми аъзои баданамро зада маъюб карду кӯдак дар шикамам мурд. Духтурҳо бо талошҳои зиёд ҷони маро аз панҷаи аҷал раҳо намуданд. Ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастам ва дар байни дуроҳаи зиндагӣ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Дигар ҳатто рӯйи шавҳари золимамро дидан намехоҳам, вале тақдири ду фарзандам маро ба андеша мебарад, ки агар аз падари кӯдаконам ҷудо шавам, ҳоли ин ду тифлаки бегуноҳ чӣ мешуда бошад. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам, хотири ду фарзандам боз ба ҳамон ғурбатхона баргашта, худамро боз ба азоби дӯзах гирифтор созам ё аз баҳри ин марди бадрашк гузашта, минбаъд аробаи зиндагиамро дар танҳоӣ кашам. Нав ба 23 қадам мондам, вале аз зиндагии пур аз ранҷу азоб чунон безор шудаам, ки маргро аз чунин ҳаёти сагона авлотар мешуморам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман ягон роҳи дурустро нишон диҳед!


Поделиться новостью в социальных сетях:

7 комментарий

  • Проблемаатонро ба падару модар ё ин ки хешу таборатон фахмонед. Онхо омада аз пеши шавхаратон ба хуби гузаранд. агар ки одам нашуд ба прокуратураву милитсия аризаи шикояти нависед. Баъд ин мардаки хуб мефахмад ки лату куб кардан чи аст?

  • Салом ба хама.медонед ман чи гуфтаниам одами намешудани бо ягон рох одам намешавад.ба шумо маслихат медихам, ки каме хам бошад фикри худатонро кунед.фарзандонатон худо хохад калон мешаванд хама бо зиндагии худ. Аммо окибат шумо касалию маюб мешавед.ана хамон вакт хато хамон фарзандон хам ба чонатон намедароянд.хеч гох пушаймон нашавед .хаёт дар пеш аст.иншооллох хамааш хуб мешавад .бо марде ки шуморо кадр намекунад умратонро хазон накунед .боки дар панохи Аллох бошед

  • Оилаи шумо аз шавхаратон сабаби латукуби шуморо пурсон шаванд чунки хамаи кор сабаб дора бад малум мешавад..мумкин ки бемор боша..хай бинанд ки ай хад гузаронид дафш кнен…

  • Ягон кор накунед ин шавҳари шумо ҳайвон аст ҷудо шавед аз хона пешаш кунед. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ….

  • хуб апаҷони ман шумо аз ҳамон шавҳаратон як бор пурсед ки ту чӣ мақсад дори ? Бигӯ мо як рӯзу ду рӯз якҷоя зиндаги намекунем ки ту ин тавр куни . Фикру андешаи ман ин аст аввал шумо ба падару модари шавҳартон фаҳмонед дидед ки натиҷа нашуд ба падару модари худ бигӯед инаш ҳам нашуд ба прокуратура муроҷиат кунед инро дар хотир дошта бошед ки вақте ки ба прокуратура муроҷиат мекунед боз муноқишаҳо фикр мекунам зиёд мешавад .

    Ва дар охир ман як сухане аз Расули Худо мегӯям бароят :Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд : агар банди пойафзоли мусалмон канда шуд ба Худо муроҷиат кунад !

    яъне ба ҳар мушкиле рӯбарӯ шудед ба Худо бигӯед то ин балоро дур созад!

  • Модоме, ки кудакатонро дар батнатон бо задан мекушад, у чи гуна падар аст???!!! Аз у бо тарики суди сарпанох ва нафакапули барои фарзандонат талаб намо ва зуд аз ин аблахи муштзур чудо шав, вагарна ягон ходисаи дигар низ ба амал омаданаш мумкин аст. Илочи вокеа пеш аз вукуъ.

  • Ба фикри ман ҷудо нашавед, зеро ман шунидаам, ки шайтон дар байни дарё дар як курси мегузорад ва дар он менишинад ва шайтонбачаҳояш ҳар як кори кардаашонро ба шайтон мегӯянд ва шайтон офарин мегуяд, аммо вақте ки яке аз шайтонбачаҳо омада мегӯяд, ки ман як оиларо аз ҳам ҷудо кардам шайтон аз ҷояш хеста писарашро ба оғуш гирифта уро мебӯсад ва мегуяд офарин ту кори хеле бузург карди гуфта дар курсияш мешинонад аз хамин сабаб ман мегӯям ҷудо нашавед мумкин аст ки гӯед ман ҳеҷ чизро надидаам ва намефаҳма бале ман ҳоло хеле хурдам ва дар бораи зиндаги ҳеҷ чиз намедонам вале коре кунед ки шайтон ғолиб наояд.

Leave a Reply