Шавҳарам пулҳоямро дуздид

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Дар шаҳри Самара ба сабзавотфурӯшӣ машғулам. Ситораҳоямон бо ҳамдигар рост наомаду шавҳарам бо як фарзанд талоқи маро дод.

Бехонагию камбизоатӣ маро маҷбур кард, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гирам. Дар ин ҷо бо амри тақдир бо як марди тоҷик, ки зоҳиран бисёр одами хуб ва меҳрубон менамуд, шинос шудам. Мо бо никоҳи мусулмонӣ риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар пайвастем. Ман худро бо ин марди “меҳрубон” хушбахт эҳсос мекардам. Бо умеди дар Ватан хона харида, ҳамроҳи шавҳарам одамвор зиндагӣ кардан пул ҷамъ мекардам, вале ҳамватани дилсӯзу ғамхораки ман фиребгар баромад. Вай қасам хӯрда буд, ки аз занаш ҷудо шудааст, аммо акнун фаҳмидам, ки гапҳояш дурӯғ будаанд. Шоме аз бозор баргашта, ӯро дар хона наёфтам. Бо гумони он ки шояд барои харид кардан ба мағоза рафта бошад, эътибор надода, хостам либосамро иваз кунам ва ягон хӯрок пазам. Дари ҷевонро кушода, ҳуш аз сарам парид. Ягон либоси шавҳарам дар ҷевон набуд. Ба ташвиш афтидам, ки ба ӯ чӣ ҳодиса рӯй дода бошад ва ба суроғаш баромадам. Рафиқонаш гуфтанд, ки зани якумаш касал шудааст, барои ҳамин Нодирхон осемасар чипта харида, нисфирӯзӣ ба Ватан парвоз кард. Бо шунидани ин хабар дилам якбора сиёҳ шуд ва ба хона баргашта ҷойи пулҳоро хабар гирифтам. Гумонам рост баромад, шавҳари дурӯғгӯям як тин намонда, тамоми пулҳои бо меҳнати зор ба даст овардаи маро дуздида буд. Ҷамъ кардани 600000 рубли русӣ дар мулки мардум кори осон нест. Акнун худатон фикр кунед, ки ман ин қадар маблағи калонро аз даст дода, ба чӣ ҳол афтидам. Муддати як ҳафта ҳеҷ ба худ омада наметавонистам, корам фақат гиряву нола буд. Баъди каме ба худ омадан хостам Нодирхони дуздро ба суд диҳам, вале боз андеша кардам, ки бо милисаю прокурор сару кор гирифтан ташвиши зиёде дорад.

Медонам, ки  ин марди аблаҳ сомонаҳоро доим мехонад. Тавассути ин сомона ба ӯ гуфтаниям:

-Маро бо гапҳои дурӯғ ба домат афтонда, дубора сиёҳбахт карданат кам набуд, ки боз пулҳои бо меҳнати зор ҷамъкардаамро дуздидӣ. Оҳи дили мани бевазан туро албатта мегирад. Аз Худованд талаб дорам, ки туро худаш саришта кунад ва пулҳои дуздидаат аз почаки биният зада бароянд.  ОМИН!

Бо эҳтиром: Н., муҳоҷирзан, аз Самара


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Шавҳарам пулҳоямро дуздид

  • Ба макомоти Точикистон мурочиат кун, мебини, ки Нодирхонат аз маркази шахри душанбе бароят як хонаи кори калон мехараду ба ту занг зада сюрприз мекунад.

Leave a Reply