Шикасти бахт ва ишқи нави Юлдуз

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Машҳуртарин ситораи санъати Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова 12-уми  декабри соли 1963 дар Марғелон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Падараш дар комбинати абрешими Марғелон 52 сол ба ҳайси коргар фаъолият намудааст. Ин марди панҷ панҷааш ҳунар ҳамзамон бо устогӣ машғул буд ва дар вақтҳои холигиаш аз чӯб чунон катҳои зебои пурнақшу нигоҳе месохт, ки ҳаваси бинандаро меоварданд. Модари Юлдуз Раҳимахон Акбарова ҳамроҳи шавҳараш муддати 41 сол дар комбинати абрешим кор карда бошад ҳам, дар тарбияи фарзандонаш заррае бепарвоӣ намекард. Онҳо дар оила 8 фарзанд-4 духтару 4 писар буданд ва ҳар кадомашон аз хурдӣ вазифаҳои худро хуб медонистанд. Маҳз ҳамин сахтгирии модар буд, ки Юлдуз ва бародару хоҳаронаш аз кӯдакӣ дар руҳияи меҳнатдӯстию заҳматписандӣ ба воя расида, роҳи худро дар зиндагӣ пайдо карданд ва соҳиби ному нон гаштанд…

Духтари шаттоҳ

Юлдуз аз хурдӣ духтари шаттоҳ ва шартакигӯй буд ва ба касе иҷозат намедод, ки ӯро ранҷонад. Аксари ҳамсолонаш аз Юлдуз қадди аҷал метарсиданд, зеро ин духтари шердил хислати мардона дошта, аз касею аз чизе наметарсид. Ӯ метавонист ҳатто бо бачаҳои аз худаш калон даст ба гиребон шуда, чунон адабашонро диҳад, ки як умр фаромӯш накунанд.

Аксари духтарҳое, ки хислату рафтори мардона доранд, ба кору бори занона чандон майлу рағбат надоранд, вале Юлдуз баъзан мисли бачаҳо авбошӣ кунад ҳам, панҷ панҷааш ҳунар буд. Ӯ чунон қандинаю тортҳои бомаза мепухт, ки дар даҳони кас об мекушоданд. Падараш ҳамеша аз Юлдуз хоҳиш мекард, ки таом пазад, чунки дар кадбонугӣ касе бо ин духтараки чаққон баробар шуда наметавонист….

                Шиносоии тақдирсоз

Юлдуз аз кӯдакӣ овози ширин ва марғуладор дошт. Вақти дар ошхона хӯрок пухтан ӯ ҳамеша ягон таронаро зери лаб замзама мекард ва баъзан якбора илҳомаш ба ҷӯшу хурӯш омада, бо тамоми овоз суруд мехонд. Аҳли оила бо табассум сурудҳои духтари чаққон ва бо дасту панҷаашонро гӯш мекарданд, вале ба гӯшаи хаёли касе намеомад, ки Юлдуз овозхон шуда, на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар ақсои олам машҳур мешавад.

Тамоми маҳалла аз овози хуши Юлдуз хабар доштанд ва ӯро ба озмун ва ҷамъомадҳои ноҳиявӣ ҳамчун намоянда мефиристоданд. Дар яке аз чунин маҳфилҳо Гавҳар Раҳимова, хоҳари ҳунарманди машҳури узбек Тамара Хонум садои Юлдуздро шунида эҳсос кард, ки аз ин духтари ба қавле “аловдаста” овозхони хуб мебарояд. Пас аз чорабинӣ Гавҳар Раҳимова бо Юлдуз суҳбат карда пурсид, ки оё мехоҳад таҳсилашро дар консерваторияи Тошкент давом диҳад. Бо шунидани номи консерватория чашмони духтарак якбора барқ заданд…

Гавҳар Раҳимова шавқу завқи беандозаи Юлдузро ба санъат пай бурда, бо розигии волидонаш ин духтараки боистеъдодро ҳамроҳи худ ба шаҳри Тошкент бурд…

Парвози мурғи шуҳрат

Бо дастгирӣ ва кӯмаки Тамара-хонум Юлдуз ба консерваторияи Тошкент дохил шуда, онро бо сари баланд хатм намуд. Садои асалӣ  ва дониши касбии мусиқӣ ба Юлдуз имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ном бароварда, ҷою мавқеи худро дар олами санъат дарёбад. Аллакай солҳои 80-уми қарни гузашта Юлдуз дар сар то сари Ӯзбекистон машҳур гашта буд, вале бо ин қонеъ нагашта, кӯшиш мекард, ки боз ҳам баландтар парвоз намояд…

“Садои Осиё” ба Аврупо расид

Соли 1990 Юлдуз Усмонова дар озмуни байналмилалии “Голос Азии” баромад карда, сазовори ҷойи дуюм гашт.  “Садои  Осиё” роҳи Юлдузро ба саҳнаҳои баланди ҷаҳон кушода, бо шарофати албоми таронаҳояш бо унвони “Алма-алма” ба даҳгонаи  World Music Charts Europe шомил гашт. Акнун сурудҳои Юлдуз Усмонова бо забони англисӣ тарҷума шуда, клипҳояш дар тамоми ҷаҳон намоиш дода мешуданд. Албомҳои минбаъдааш Юлдуз Усмоноваро дар тамоми Аврупо машҳуру маҳбуб гардониданд. Юлдуз Усмонова бо барномаҳои рангоранги консертӣ дар сар то сари Аврупо гашта, соли 2011 унвони  «Шоҳбонуи санъати Осиёи миёна»-ро соҳиб гашт.

Ҳамкориҳои эҷодӣ

Юлдуз Усмонова ба ғайр аз забони модариаш ӯзбекӣ боз бо 8 забон суруд мехонад. Дар тули фаъолияти  эҷодиаш ин бонуи сар то по ҳунар 100-албом баровардааст, ки 600-сурудро дар бар мегиранд. Юлдуз ба ғайр аз таронаҳои якка ҳамчунин дуэт низ месарояд, вале на бо ҳар кас. Танҳо ба чанд ҳунарманди хушбахт муяссар гаштааст, ки дар ҳамовозӣ бо Юлдуз Усмонова суруд хонанд. Яке аз он мардони хуштолеъ сарояндаи турк Яшар мебошад, ки суруди «Seni Severdim»-ро бо Юлдуз сароидааст. Ин тарона дар саросари Туркия хит шуда, вирди забони хурду калон гашт.

Юлдуз Усмонова таронаи “Ҳасрат”-ро бо Руслан Шарипов клип карда, ба хотири дастгирии духтари ягонааш Нилуфар Усмонова дар ҷодаи санъат ҳамроҳи ӯ ду тарона суруд. “Таманно” ва “Кироличаман”  номи Нилуфарро як давра вирди забони мардум гардонида бошанд ҳам, духтарак натавонист ба мисли модараш дар саросари ҷаҳон машҳур шавад.

 Чаро Юлдуз тарки Ватан кард?

Соли 2008 Юлдуз Усмонова тарки Ватан кард. Ҳукуматдорони ҳамонвақтаи Ӯзбекистон номи Юлдузро ба “рӯйхати сиёҳ” дохил карда, ба пахши таронаҳояш тавассути радиову телевизион иҷозат намедоданд. Ин чиз боис гашт, ки дар байни мардум дар бораи сабабҳои тарки кишвар намудани ситораи №1-и Ӯзбекистон овозаю ҳангомаҳои зиёде паҳн гарданд. Бархе бар он андеша буданд, ки рафтани Юлдуз аз кишвар сабаби сиёсӣ дорад ва ӯро “бадарға” кардаанд. Ҷонибдорони ин ақида миш-миш мекарданд, ки гӯё дар ким-кадом як ҷамъомад Юлдуз нисбати президенти ҳамонвақта Ислом Каримов ҳарфҳои сахт зада гуфтааст, ки ба Ӯзбекистон роҳбари демократӣ лозим аст, на диктатор. Ҳамин суханони ҳунармандро хушомадгӯён нарезондаю начаконда ба сарвари давлат расонидаанд ва Каримов нисбати Юлдуз хашм гирифта, ӯро аз кишвар рондааст. Гурӯҳи дигар манъи фаъолияти ҳунарии Юлдуз Усмоноваро дар қаламрави Ӯзбекистон кори дасти духтари президент Гулнора Каримова медонистанд. Гулнора Каримова баъзан бо тахаллуси “Принсесса” суруд мехонд. Маҳбубияти хосаи Юлдуз Усмонова, шоҳбонуи санъати ӯзбек ба Гулнора Каримова халал мерасонд, ки дар осмони санъат ситораи дурахшонтарин шавад. Бо истифодаи қудрати дар даст доштааш Гулнора Юлдузро аз кишвар берун кард, зеро дар санъат дар як вақт ду шоҳбону вуҷуд дошта наметавонад, мегуфтанд ҳолдонҳо.

Пас аз марги Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев роҳи Юлдуз Усмонова дубора ба Ӯзбекистон кушода шуда бошад ҳам, то имрӯз шоҳбонуи санъати ӯзбек сабаби аз Ватан ҳиҷрат карданашро ба касе намегӯяд.

                         Ишқи пурсӯз

Ҳар ситора ҳикояи ишқи пурсӯзу гудози хешро дорад. Ҳаёти шахсии Юлдуз Усмонова низ пур аз таззод ва шебу фарозҳост. Вай аз шавҳари якумаш бо як фарзанд ҷудо шуда, ҳаёти худро пура ба санъат бахшид. Духтари Юлдуз Нилуфар Усмонова соли 1987 ба дунё омада, мисли модараш ҳунарманд аст. Нилуфар оиладор буда, ба модари зебо ва шуҳратёраш се набераи ширинро ҳадя кардааст.

Пас аз чанд никоҳи бебарор соли 2016  Юлдуз Усмонова расман эълон кард, ки пас аз шикастҳои зиёд ниҳоят ӯ бахти ҳақиқии худро пайдо карда, боз ба шавҳар баромадааст ва зиндагии хушу гуворо дорад. Ҳамсари нави шоҳбонуи санъати ӯзбек, ҳамватану ҳаммиллати худаш, яке аз соҳибкорони номдори узбек буд ва ба хотири ишқи ситора тарки Ӯзбекистон намуда, ба Туркия кӯч баст, то ки бо Юлдуз ҳамдаму ҳамнафас гардад.

              Дурахши нави ситораи бузург

Имрӯз Юлдуз Усмонова ба маънои томаш хушбахт аст. Пас аз 11-соли дурӣ аз Ватан ӯ тавонист дар қасри “Истиқлол” барномаи ҳунариашро бо унвони «Ey Aziz Inson» ташкил карда, аз дидори мухлисони содиқаш ҳаловат барад ва бо таронаҳои ширину дилнавозаш ба онҳо ғизои маънавӣ бубахшад.

Акнун Юлдуз Усмонова метавонад бе малол дар сар то сари кишвараш сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, собит созад, ки шоҳбонуи санъати ӯзбек буд, ҳаст ва мемонад!

Шаҳло Ниёзова


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply