• Бахтовар Сафаров
  • 11.04.2019
  • 12

“Шинед, хезед…!” Ман итоат мекунам…

Хайрият, ҳамин дастқапакҳои дохили машруткаҳоро гирифтанд. Акнун ҳар вақте ки нақлиёт меистад ва ё рафиқ ронанда аз нақша дер намонам гуфта газро зер мекунад, мо ҳамсафарони дар барамон ростистодаро оғӯш мекунему меҳру муҳаббатамон боз ҳам бештар мегардад.

Баъд аз ин супориши қатъии «Автобазаҳо» мусофирони «чухтакӣ»-ро дигар савор намекунанд ва ронандагон бо даромади ночизи мусофирони “ шинанда” тоб наоварда, аз кор рафта истодаанд ва акнун роҳҳо низ тамба намешаванд. Хайр он чӣ, ки нақлиёт дар як соат як маротиба  меояду аз кору аз дарс дер мемонем, проблемаи мост. Бояд  соати 5 хезему сари роҳи маршруткаи “шинандаҳо” бароем, он гоҳ ҳама кор  5 мешавад. «Зато» шаҳрамон зебою ҳама “шиштагӣ”… Инак, чанд рӯз мешавад, ки қисми зиёди ронандагон дастқапакҳои микроавтобусҳои мусофиркашиашонро кандаанд. Албатта, бо хоҳиши худ нею бо «тавсия»-и «боло».

Кормандони БДА шабу рӯз интизоранд, ки ронандагони  аз миқдор зиёд мусофир саворкардаро қапанду “иштароб” кунанд. АММО… Ин воқеан аммои калон аст, чунки бо ин тартиб мо аз борон гурехта зери новадон «руст» мондем. Ронандаҳо ҳамин, ки “калтакдорони калтаки сурхдорро” диданд, команда медиҳанд: “шинед!” ва ҳама итоаткорона сари дузону мешинанду «хатар», ки паси сар шуд боз “чухт” меистанд… Ин аст роҳи ҳалли проблема! Аммо рости гап, ба ҳамин ронандаҳо ҳам “жалка”…

Бо яке аз онҳо ҳамсуҳбат шуда, баъди шунидани арзаш  гарданашро гирифта, ҳамдардӣ баён намудам: «Мо 150-200 сомонӣ ҳар моҳ «аренда»-и мошинро медиҳем, ҳар омаду рафти мо пулакӣ аст, ғайри ин худи ҳуҷҷатгзорӣ, аз 1000 сомонӣ боло мешавад. Фақат як балони мошин   800 сомонӣ нарх дорад. Таъмиру ташхиси микроавтобус ҳамааш аз кисаи худамон аст. Нархи солярка  ба ҳама маълум. Агар мо одамонро рост нагирем, ба чойпулии худамон намерасад, чӣ монад бо ободии оилаамон…»

Пас аз оби чашм кардан маслиҳат додам: “Ронандаи автобус шавед”. Ӯ, мисли он ки ба бемори сиҳатнашаванда менигариста бошад, баён кард: «Охир дар он автобус бояд ду нафар кор кунад. Аммо  ба ин  ду нафар ҳамагӣ  1600 сомонӣ маош медиҳанд. Бо  800 сомонӣ шиками кӣ сер мешавад?» Қарор додам, ки минбаъд низ бо командаи ронандаҳо “шинухез” карда гардам…

Саодат  Розиқзода,

рӯзноманигор

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Бехруз:

    хуб пурсед, дар як мох не, дар як руз 150-200 сомони ичорапули медиханд. ронандахои машруткахои ичора

  • Самир Каландаров:

    Саодати Рачаб ту бехтарини !

  • ГАИ:

    Хеч вакт ба маршуткачихо бовар надорам

  • Barzuh Jabborov:

    Саодатхон бисёр гапҳои ҷолиб гуфтед

  • Мехрубон:

    Аксарият бо хамин сабаб мачбуранд, ки аз таксихои 5 сомона истифода бурда, ба чои кор дер накунанд, вале бо ин ахвол кисахо холи мешаванду боз камбагали бечора дар азоб!

  • Хуршед:

    Мебашен апаи Саодат бехтарину якчизро фаромуш кардаед Конуни ЧТ «Дар бораи забони давлати»-ро агар хаминчизро ба инобат мегирифтед бисёр хуб мешуд!!!

  • Хуршед:

    Конуни ЧТ «Дар бораи забони давлати»-ро риоя мекардед бисёр хуб мешуд!!!

  • Алокачи:

    Агар ронандаи микроавтобусохо ба 800сомони рози набошанд вой бархоли кормандони Точиктелеком ки хамаги 400-500 сомони маош мегиранду хамонро хам пас аз се чор мох мегиранд

  • Сафармурод:

    Шубо ба забону тарзи гуфтори вай ахмият надихед ин янамуди истехзои мачозии рузноманигорхос мухм он ки хакикати хол чунин ва мушкили ро баён месозад офарин

  • Бехруз:

    Мебахшед агар ин конун кабул шавад мо донишчуен аз дарс дер мемонем мо маблагхоямон барои такси намерасад

  • Бехруз:

    Боз камбагал дар азоб

  • Одам:

    Сабр кунед, аз гура халво мепазад. Ин макол ба кихо дахл дошта бошад???
    Дар Точикистон ягон макомот е инки сохторе хаст, ки халк е шахси чабр дида ба он мурочиат кунад, дар гузашта ва имруз дар давлат хои демократи рузноманигорон ва ВАО чашму гушт давлат бошанд, дар МО барои чопи макола, Аз руйдиди худ вае ошкори камбуди неву ичозат мепурсанд!!! Аксарят вазифаи рузноманигорро дар чопи ходисахои нохуш ва садамаву чиноят мебинанд, на дар ошкори камбудиву рохи халли масала!! Охир агар рузноманигор камбудихоро дар чомеа ва сохторхо Дида ошкор накунад, масьулин Ва сохторхои кудрати Аз кучо хабар меебанд?? Пешравии чомеа Ва давлат, бо ислохи саривактии камбудихо, Ва ичроиши накшахои ояндадораст!!
    Хулласи калом, Макола хело хуб навишта шудааст, дар оянда чавоби инмаколаро, вакте, ки. аз БДА гирифтед, онро хам хатман чоп кунед!
    Ана он мешавад муомила байни хонанда Ва рузноманигору, сохторхои давлати ва ВАО!!
    Бо салом шахрванд ва мухлиси рузномаи Точикистон.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner