«Шираи камол” сабаби ҳабси ишкошимиҳо шуд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Левакант, дар мавзеъи Тиятош, ду марди 34 ва 52-солаи сокинони ноҳияи Ишкошимро бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир намуданд.

Ҳангоми кофкукови шахсӣ аз онҳо як адад зарфи ғунҷоишаш 20-литра дарёфт гардид, ки дар дохилаш мувофиқи хулосаи таҳлили кимиёвии фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон «шираи камол” буда, вазни холисаш, 19 килограмму 530-граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply